Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Давраи номаълум гузаштани касал 2-5 рўз баъзан бештар давом мекунад. Касал метавонад баландшадид, камшадид, бардавом ва дар шакли ниҳони гузарад.
Дар ҳолати ҷараёни шадид нишонаҳои сирири яку якбора пайдо мешаванд. Истеъмол накардани хурок, беҳаракати, вайрон шудани функцияи силсилаи асаб дида мешавад. Дар оянда хурд шудани чашм ва илтиҳоби мултаҳима ба амал меояд. Мурғобиҳо ба таври паҳн кўшодани пойҳо мехобанд. Дар оянда ҳаракатҳо бо рагкаши дар пойҳо пайдо шуда мурғобиҳо ба паҳлу афтида ҳаракатҳои шиновари мекунанд. Пеш аз марг сарашонро ба қафо партофта, пойҳояшонро дароз карда (опистотонус), дар ҳамин ҳолат мемонанд. Мурғобиҳо дар муддати якчанд соат мемиранд.
Дар баъзе мурғоби касал метавонад ба осони ва бе нишона гузарад. Дар ин ҳолатҳо баъди 72-96 соати сироятёби онҳо бемадор гашта, аз иштиҳо мемонанд.
Нишонаҳои сарири оҳиста-оҳиста нобуд шуда муғобиҳо сиҳат мешаванд.
Дар ҳолатҳои алоҳида гузаштани касалӣ, ҳаракат ва амали ғайри физиологии мурғобиҳо ҳолати пингвинҳоро ба ёд меоварад. Баъди якчанд вақт ин намуд парандаи бемор бо нишонаҳои хоссаи (опистотонус) рост шудани пойҳо мемирад.
Расми 22

Тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ.
Дар муғобичаҳои мурда бештар тағийротҳои хосса дар ҷигар пайдо мешаванд. Ҷигар ҳаҷман калоншуда ранги он аз сурхи зардча то қаҳваранг тағйир ёфта, талхадон аз талха пур мебошад. Дар ҷигар хушораҳои нуқта-нуқта ва калон ба вуҷуд меояд, ки дар ҷигари рангаш сафед хуб маълум шуда меистад.

пешина
аз 95
навбатӣ