Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Илтиҳоби сироятии ҷавфи иловагии бинии мурғобичаҳо.
(инфекционный синусит утят).
Илтиҳоби сироятии ҷавфи иловагии бинии мурғобичаҳо- (sinusitis infectiosa anaticularumзукоми мурғобичаҳо) касалии сирояткунандаи вируси хосса ба илтиҳоби назлии пардаҳои луобии роҳҳои болоии нафаскаши мебошад.
Маълумотномаи
Расми 18 таърихӣ.
Аввалин маротиба касалӣ дар Канада (Уолкнер ва Ботисбер, 1952) ба қайд гирифта шудааст, сипас дар ИМА (Фагей, 1955). Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аввалин маротиб хабарҳоро дар бораи ин касал Прокофев М.Т. ва И.Н. Дорошко (1957) додаанд.
Барангезанда.
Аз рўи сохти морфологии вирус ба вируси зукоми Типпи-А монанд аст. Сохти вирус дар қисми «зукоми паранда» гуфта шудааст. Вируси ин касал дар обанборҳои сироятнок то 2-моҳ дар давраи тобистон ва то 3-4 моҳ дар зимистон нигоҳ дошта мешавад. Дар пайдоиши вирусӣ ин касал микроорганизмҳои шартан касалиовар (эшерехия, стрептоккҳо ва ғ.) нақши махсусро мебозанд.
Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Ба ин касалӣ (синусит уток) мурғобичаҳо дар 30 рўзи аввали ҳаёташон ва баъзан парандаҳои болиғ гирифтор мегарданд. Барангезанда ба луоби бини ҷудо шуда ба об ворид мешавад. Роҳи асосии паҳншавии касал ба воситаи ҳаво, инчунин имкони бо хурока ворид шудан ва гузаштани барангезанда бо тухм вуҷуд дорад.

пешина
аз 95
навбатӣ