Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Табобат.
Кор карда нашудааст.
Ҳасонат.
Дар амалияи хориҷа истифода карда шудани вакцинаи аз кишти сустгардонидашудаи газаки муштараки сирояти махоти бо об батарзи аэрозоли истифода мешавад.
Пешгири ва чораҳои муборизабарӣ.
Чорабиниҳои беҳдорию байтории умумӣ гузаронида мешавад, ки ба ворид шудани барангезанда дар хоҷагӣ монеъа мешавад.
Чўҷаҳои ҳар як гурўҳи технологӣ дар алоҳидагӣ парвариш карда мешаванд.
Ҳолати муқобилиятнокии парандаҳо бо роҳи хўрокдиҳи ва нигоҳдории махсус назорат карда мешавад.
Ҳавои ба мурғхона воридшуда ба фатила тоза карда шуда, бо нурҳои ултрабунафш безарар гардонида мешавад.
Дар ҳоллати пайдоиши илтиҳоби муштараки махатии сироятӣ, парандаҳои касал ва шубҳанокро мекушанд.
Безараргардонии хуби бино бо маҳлули ишқори натрӣ, оҳаки хлордор (2-3%) бо тарзи аэрозоли доруҳои йоддор гузаронида мешавад. Агар касалро бо чорабиниҳои беҳдорию-байторӣ боздошта тавонанд, он вақт дар хоҷагӣ инкубатсияи тухумҳоро манъ карда, чорабиниҳои иловагии солимгардониро мегузаронанд.

пешина
аз 95
навбатӣ