Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Нишонаҳои саршавии сарирӣ барои бисёр шаклҳои сафедхунӣ каммаълум ва ғайрихоссаанд.
Дар мурғҳо харобшавӣ, набудани иштиҳо, тоҷ камхуни орҷинггашта, бесомонӣ, хурокҳазмкунии суст мушоҳида мешавад. Дар ҳолати касалоти ҷигар бештар ҷамъшавии об дар узвҳои сифоқ дида мешавад. Дар парандаҳои касал калоншавии ҷигар дида шуда, гиреҳҳо дар масориқа ва рудаҳо мушоҳида карда мешаванд.
Нисбатан камтар эритробластоз, гранулобластоз, остеоистроз, миелотситомотоз ба қайд гирифта мешавад.
Эритробластоз ва гранулобластоз сариран мушкилфаҳманд.
Дар аввали саршавии касал камхунӣ, сипас зардшавии тоҷ, бесомонӣ дар хурокҳазмкунӣ ва харобшавӣ мушоҳида мешавад. Баъзан парандаҳо дар натиҷаи кафидани ҷигар мемиранд. Шакли дарди мармарии сафедхунӣ бисёр осон аз руи ғафс шудани устахонҳо (элифизҳо, диефизҳо), ва дар оянда бо ҳамаи устахонҳо шинохта мешавад. Хусусан ғафс шудани устахонҳои тунук дида мешавад. Дар ҳолати буридани устахонҳои дарунхолӣ, маҳкам шудани холигии устахон бо типи (остеосклероз) бисёр сахт ва зич шудани устахонҳо дида мешавад.
Тағиротҳои ташреҳию амрозӣ.
Тағиротҳои ташреҳию амрозӣ гуногун буда аз шакли вазнини ва дарозмуддатии равиши (лейкоз) сафедхунӣ вобастаги дорад.
Расми 9
Барои сафедхунии лимфоидӣ вайроншавии манбагӣ ё дифузии элементҳо дар ҷигар, сипурз, тухумдон ва дигар узвҳо хосса мебошанд (расми 9).

пешина
аз 95
навбатӣ