Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Ба вируси сафедхунӣ хусусан мурғҳои баландмаҳсул бештар гирифтор мешаванд, ки дар шароити ғайриқаноатбахши нигоҳдори мебошанд. Касали метавонад аз 2 то ба 73% расад. Марговарӣ то 10%-ро ташкил медиҳад.

Тавлиди касал.
Пурра омухта нашудааст. Баъди ворид шудан ба организми парандаҳо бо роҳи хурока ё нафаскашӣ вирус дар хун ва дар узвҳои хунҳосилкунанда (ҷигар, сипурз, мағзи сурхи устахон) сукунат мекунад. Вирус метавонад муддати дароз арзи вуҷуд дошта, тағйироти маълуме ҳосил накунад. Дар ҳолати суст шудани муқобилиятнокии организми парандаҳо дар таҳти таъсири сабабҳо, омилҳои нохуши муҳити беруна вирус фаъол гашта, равиши фарогирифта ба амал омада пайдоиши манбаҳои худфаъоли амрозӣ дар хунҳосилкуни ва бофтаҳои ретикулярӣ, узвҳои гуногун ба амал меояд, ки ин ба пайдоиши тағйиротҳои бадсифати ҳуҷайраҳои норасида оварда мерасонад. Вобаста аз таркиби ҳуҷайрагӣ сохти афзоиши омосӣ сафсукунии мислоидӣ, ретикулоэндотелиалӣ ва эритробластикӣ фарқ карда мешавад. Кишти гуногуни вирусҳо метавонанд сифатан типпи омосҳои на якхеларо ба амал оранд. Баъзан вирус дар узвҳо ва бофтаҳо бе тағйиротҳои хоссаи маълум барқарор мешавад. Имкони дар ҳолати сироятёбии парандаҳо дар рўзҳои аввали ҳаёташон доими вуҷуд доштани вирус дар хун бе пайдо шудани подтанҳо, тоқатоварии имунологӣ ба амал меояд.

Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Нишонаҳои сарирӣ дар ҳолати сафедхунӣ кам ба амал меоянд.
Аз шаклҳои гуногуни сафедхунӣ бештар, лимфоматоз вомехурад, ки парандаҳо аз оилаи мурғҳо (мурғҳо, мурғи марҷон, мурғи фиръавн) касал мешаванд.

пешина
аз 95
навбатӣ