КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Сипурз гурдаҳо ва хусусан ҷигар ҳаҷман калон мешаванд. Узвҳои дарунӣ бо гиреҳҳои хурд ва калони равғаншакл иҳота мегарданд. Мағзи устахон рангаш хокистарранг мебошад. Дар мурғҳои сермаҳсул, тухмдонҳои оссебёфта, манбаҳои зиёди хурд, хокистаррангии зиёди сахт пайдо мегарданд. Баъзан манбаҳои калони равғанмонанди пуст ва инчунин насҷи зери пуст ва мушакҳо осеб меёбад. Шакли лепоидии сафедхунӣ бо нисбатан бештар касалоти ҷигар, сипурз, гурдаҳо ва тухмдон мегузарад.
Ташхис.
Дар асоси нишонаҳао саририи хосса ва тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ гузошта мешавад. Шаклҳои алоҳидаи сафедхуниро (эритробалстоз, миэлоситобластоз) мумкин аст бо роҳи таҳқиқоти тафтиши молишакҳои хун ва инчунин бо услуби ҳистологию амрозӣ ташхис гузаронид. Дар ҳолати шакли эритроидии сафедхунӣ эритротситҳои болиғ расида дар молишакҳо тахминан 1/3 ҳамаи ҳуҷайраҳоро ташкил медиҳанд, шакли боқимонда эритротситҳои норасида (эритробластҳо, ҳемотситобластҳо) мебошад (расми 10).
Дар ҳолати миелотситобластоз дар молишакҳо пайдо кардани бисёр миелобластҳо ва миелоситҳо имкон дорад.
Ташхиси озмоишӣ, истифодаи услубҳои иммунологӣ (кофал-тест, РИФ-проба), гузоштани озмоиши биологиро, бо роҳи сироятгузаронии ҷанинҳо ва чуҷаҳои зоти леггорнҳо дар бар мегирад. Барои ташхиси шакли Расми 10 саркоматозии сафедхунии парандаҳо аксуламали РИФ коркард шуда пешниҳод шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё