КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Пайдоиши касал.
Дар организми парандаҳои ҳассос, вирус дохил шуда баъди 20 соат ба хун мегузарад, сипас ба узвҳои дигар ва бофтаҳо гузашта, касалро дар системаи марказии асаб, узвҳои нафаскашӣ ва хўрокҳазмкунӣ ба вуҷуд меорад. Аз таъсири вирус заҳролудшавӣ ва хуншораҳои зиёд дар пардаҳои зардобӣ ва луобӣ пайдо мегардад.
Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Дар ҳолати сироятёбии табиӣ парандаҳо, давраи номаълум гузаштани касал 2-15 рўз мебошад, ки ин аз роҳҳои воридшавии барангезанда ва касалиоварии вирус, сину соли паранда ва шароити нигаҳдорӣ вобастагӣ дорад. Ҷараёни шадид, нимшадид, бардавом, шакли хоса ва ғайрихосаи касал вуҷуд дорад. Дар ҳолати шакли хоссаи касалӣ баланд шудани ҳарорати бадан, бемадорӣ, нахурдани хўрок, гум кардани ҳаракати мунтаззам мушоҳида мегардад. Дар 40-70% парандаҳои касал, калон шудани ҷигар, ҷоришавии моеи бадбўй аз минқор, дида мешавад. Паранда бо минқори кушода нафас кашида аз он садоҳои гунгун шунида мешавад, роҳҳои нафаскашӣ бо моеи часпак пур буда паранда атса мезанад, ки аз моеъи мавҷуд буда озод гардад. Нишонаи касалоти системаи марказии асаб дар шакли фалаҷ ва фалаҷи сабук, ки бо тоб хўрдани гардан, овезон шудани қанотҳо, дум ва ларзиши пойҳо оварда мерасонад мегузарад. Паранда аз афзоиш боз монда яку-якбора маҳсулнокиаш паст мегардад. Илтиҳоби сифоқ, талхадон ва пардаҳои луобии чашмҳо (баъди 3-5 рўзи сироятёбӣ) ба вуҷуд меояд.
Шакли ғайриҳақиқии касал.
Касал бо нишонаҳои хоса мегузарад. Онро бештар дар байни ҳайвонҳо ба қайд мегиранд. Ин намуд алангаи касал нисбатан сирояти зиёди ҳайвонҳо дар баъзе мамлакатҳо (Тоуни чўҷаҳо, илтиҳоби шуш ва мағзи сари чўҷаҳо)-ро фаро гирифтааст. Нишонаҳои асосии сарирӣ дар ин касал тоб хўрдани гардан, фалаҷи пойҳо ва қанотҳо, рагкашӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё