КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар ҳолати инкубатсияи тухм вирус тааффуни ва марги ҷанини мурғҳоро ба амал меорад. Ҷанини мурда, хуншора ва варамдор буда дар сар ва пойҳо хуншораҳои зиёди нуқта-нуқта дида мешавад. Дар нигоҳ доштани гурўҳи зиёди парандаҳои сироятёфта, ҳаво аз бино ба воситаи ҳавокашакҳо ба берун кашида шуда бо равиши шамол то масофаи 3-5 км бурда мешавад (Симпсон 1963).
Сироятёбии парандаҳо ба воситаи хўрока ва тарзи ҳавои, дар ҳолати якҷоя нигоҳ доштани парандаҳои солим бо касал ба амал меояд. Дар хоҷагиҳои устувор, барангезанда бештар ба воситаи тухмҳое, ки барои чўҷабарорӣ истифода мешаванд ворид мешавад.
Манбаи барангезанда метавонад намудҳои парандаҳои ваҳшӣ инчунин қозҳо ва мурғобиҳои хонагӣ бошанд. Касалии Нюкасла бештар дар шакли энзоотӣ пайдо мегардад. Касалӣ баъзан даврагӣ ва нисбатан мавсими тобистону-тирамоҳӣ, вобаста ба зич нигоҳ доштани саршумор ва бо пурзур гардонидани кор дар хоҷагиҳо мегузарад. Дар фасли тобстон касал бештар бо сироятӣ силсилаи асаб мегузарад. Дар хоҷагиҳои саноатӣ ба силсилаи пайдарҳамии парвариши парандаҳо, бештар маҳалли доимии эпизоотологии касал ба амал меояд.
Дар ҳолати ба муддати дароз нагоҳ доштани вирус дар муҳити беруна, вирусҷудокунӣ ва даврзании бефосилаи барангезанда дар байни гурўҳҳои технологии мурғҳо муаян карда мешавад. Вирус дар ҳолати фаъол будан метавонад дар организми канаҳо (Argua Pereicua), ки дар мурғхонаҳо вуҷуд доранд 213 рўз нигоҳ дошта шавад. Муқаррар шудааст, ки гузариши трансвариалии вирус дар ҳолати давраи зочашавии канаи мурғҳо (Ю.П.
Аликперов 1957) ба амал омада, касалӣ то 100% авҷ гирифта, марговарӣ 60-70%-ро ташкил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё