Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Касалоти силсилаи асаб аслан дар чўҷаҳои мурғи марҷон дида мешавад. Дар ҳолати шакли ғайриҳақиқӣ, касалӣ дар парандаҳо ба таври сабук ва дар баъзе ҳолатҳо бе нишонаҳои сарирӣ мегузарад.
Шакли ғайриҳақиқии касал бештар дар ҳолати мавҷудияти аз кишти сусткасалиовар дар гурўҳи парандаҳо бо дараҷаи гуногуни ҳасонат ва бо таври васеъ истифодабарии антибиотикҳо ба амал меояд.
Дар замони ҳозира, дар як қатор мамлакатҳо якчанд киштҳои табии сустққобилиятгашта ҷудо карда шудааст:
В1 (ИМА), F (Англия), Флоренс (Италия), дар ҳолати касал фақат бозсозии иммунологии организм, мавҷудияти подтанҳои зардобиро бе сариран пайдошавӣ ба амал меоранд.
Тағиротҳои ташреҳию амрозӣ.
Бо таври васеъ тағйирёфта буда аз равиши касал ва касалоти силсилаи алоҳидаи организм вобаста мебошанд. Дар ҳолати ҷараёни шадид тағйиротҳои Расми 1.
хосса, тааффуни авҷ мегирад. Хуншораҳо дар маҷроҳи ғадудҳои гурўҳи мушакҳо ва дар сарҳади ғадуди меъда, дар мавзеӣ рўдаҳои борик, рўдаи рост мушоҳида мешаванд. Дар асоси шохаҳои куррўда то 100%, дар қисми пеши рўдаи рост 98,2%, дар маҷроҳи ихроҷкунанда ғадудҳои меъда то 60% хуншораҳо пайдо карда мешаванд.
Хуншораҳо дар пардаи болоии дил ва фаликулаи тухмдон (В.А. Адутскевич, 1954) пайдо мешаванд. Дар ҳолати ҷараёни бардавоми касалӣ, ҷасад хароб, атрофи клоака бо ахлот олуда мебошад.
Дар рўдаҳо захмҳои пулакчамонанди дарозрў бо хуншораҳои нуқта-нуқтаи сершумор мушоҳида мегардад.
Дар натиҷаи фавтидани парандаҳо пардаи луобии рўдаи 12-ангушта тунукшуда мебошад.

пешина
аз 95
навбатӣ