Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Барои ташхиси микоплазмози парандаҳо мумкин аст аз аксуламали зардобавию қатрагӣ ширешшавӣ (аглютинатсия) истифода бурд. Бо таҳқиқоти зардобӣ 5-10% гурўҳи мурғҳо ё мурғи марҷон дар синни аз ду моҳ ва калонтар сафарбар карда мешаванд (расми 7).

Тафриқаи ташхис.
Ҳатман истисно кардани колисептисемия, ҳемофилёз, пастереллёзи бардавом, аспергиллёз, илтиҳоби сироятии ҳалқу хирной ва газаки найчаҳои шуш зарур аст.

Табобат.
Масолеҳи хосаи табобатӣ вуҷуд надорад. Аз ҳама антибиотикҳои фоидаовари таъсири зиёд дошта (стрептомитсин, хлорабронитсилин, эритромитсин) мебошанд. Дар солҳои охир тилозин, формазин, фрадизин санҷида шудаанд.
Аз ҳама васеъ истифода бурдашаванда услуби гурўҳи маводҳо дар ҳузури парандаҳо шинохта шудааст. Онҳоро бо таври аэрозоли як карата дар муддати 4-5 рўз истифода мебаранд. Аз ҳама услуби фоидаовар равон кардани маҳлули аскарбат эритромитсинро ба дохили тухумҳои чуҷахобонида (инкубатсионӣ) дар ҳолати паст шудани фишор зарур аст. Доруҳои зикршуда афзоиши микоплазмаро боз медоранд.

Хасонат.
Омўхта нашудааст, биопрепаратҳои хосса вуҷуд надорад.

Пешгири ва чораҳои мубориза.
Пешгирии микоплазмози роҳҳои нафаскашӣ ба чорабиниҳои муштараки умуми, ки ба огоҳонидан, пешгирии ворид шудани барангезанда дар хоҷагӣ ва баланд бардоштани муқобилиятнокии табии организми парандаҳо асоснок карда шудааст.

пешина
аз 95
навбатӣ