КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Аз сўрохиҳои бинни дар ҳолати зер кардан, моеъи зардобию-назлавӣ ҷудо шуда, маҳсулнокӣ (тухумгузорӣ) дар мурғҳо гум мешавад. Дар баъзе мурғҳо касалӣ бе ягон нишона мегузарад.
Нишонаҳои хоссаи касал дар мурғҳои марҷон илтиҳоби синуси таги чашм, ки ба сар шакли ғайри муқаррарӣ медиҳад, калон шудани лундаи чашм ва фавтидани он (понофталамит) дида мшавад.
Дар мурғҳо ва мурғҳои марҷон илтиҳоби, буғумҳо (бандҳо), ки ба варами онҳо ва калон шудани ҳаҷми онҳо оварда мерасонад дида мешавад. Аз тухумҳои мурғҳои касал гирифта 10-30% ҷанинҳо мемиранд.
Тағиротҳои ташреҳию амрозӣ.
Хуншораҳо ва илтиҳоби назлавии пардаҳои луобии узвҳои нафаскашӣ, хусусан халтачаҳои ҳаводор бо бисёр ҷамъ шудани луоб пайдо карда мешавад. Ҳалқ ва хирной бо пардаи фибринозӣ пушонида шудааст. Дар шуш маҳалҳои фавтида бо ранги хокистарранги сафед мушоҳида мегардад.
Тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ метавонанд аз мавҷудияти сирояти омехта вобаста бошад. Дар ҳолати ориза (аспогинетсиз), колибактериоз халтачаҳои қафои қафаси синагӣ ва холигии сифоқӣ бо лахтаи фибринозӣ ва решҳои шира пур мебошад. Дар ҷигар ва дил пардаи фибриндор (аэросокулит), илтиҳоби зардобаи ҷигар, газаки ғилофаи дил дида мешавад.
Ташхис.
Ташхиси касалии микоплазмози роҳҳои нафаскашӣ дар асоси нишондодҳои эпизоотологӣ, сарирӣ ва ташреҳию амрозӣ бо таври муштарак якҷоя бо натиҷаҳои озмоишӣ гузошта Расми 7 мешавад. Барои ҷудо кардани микоплазма дар муҳити ғизоии Агар ва пиёбаи Эдвард кишт ва дар ҷанини мурғҳо сироят гузаронида шуда дар чуҷаҳо, озмоиши биологӣ мегузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё