КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Пайдоиши касал сабаби суст шудани организми парандаҳо ҳангоми ба муддати дароз бо нақлиёт кашонидан, зич ҷойгиркунӣ, хунукунӣ, моякубӣ бо вирусваксинаҳои зинда, касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мебошанд.
Зиёд сироятёбии парандаҳо ба воситаи ҳаво, паҳншавии суст ба амал омада касалӣ хислати “сироятӣ хазидамонанд” (“ползучий инфкции”)-ро мегирад. Дар хоҷагиҳои ноустувор маҳсулнокии гўштӣ 30% ва хоҷагиҳои тухмӣ ба 16% паст гашта партови чўҷаҳо ва парандаҳои болиғ зиёд мгардад.
Тавлиди касал.
Барангезандаи касал ба узҳои нафаскашӣ, афтида дар бофтаҳои эпителиявӣ афзоиш ёфта, ба хун мегузарад ва бесомониро дар шакли заҳролудшавӣ ба амал меорад.
Бештар роҳҳои болоии нафаскашӣ зарар мебинанд.
Барангезанда бо роҳи хун ба мағзи сар, ҷигар, сипурз гурдаҳо ворид мешавад. Дар ҷанинҳо ва чўҷаҳо афзоиши барангезанда дар узвҳои нафаскашӣ, газаки деворҳои халтаҳои ҳаводорро ба амал меоранд.
Ҷараён ва нишонаҳои касалӣ.
Давраи номаълум гузаштани касал дар мурғҳо 4-22 рўз, дар мурғҳои марҷон 2-14 рўз тўл мекашад. Касал бо шиддат, бардавом бе нишона мегузарад. Бештар нишонаҳои маълуми сарири дар чўҷаҳо мушоҳида мешаванд. Дар онҳо иштиҳо нест шуда, бесомонӣ дар узвҳои нафасакашӣ (илтиҳоби хирной, илтиҳоби ҷавфи бинӣ, мултаҳима) муриши чўҷаҳо то 10-25%, парандаҳои болиғ 4-6%-ро ташкил медиҳанд.
Ҷараёни бардавоми касал бо харобшавии парандаҳо мегузарад. Парандаҳои болиғ гарданашро дароз карда ҳаракат мекунад, ки аз моеъи дар гўлу ҷамъ шуда озод шавад. Дар парандаҳо бештар газаки пардаҳои луобии бини пайдо мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё