КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

То ба охир масъалаи дар бораи ҳассосии парандаҳои обгард ба микоплазмоз ҳал нашудааст. Дар солҳои охир намуди M. Synoviе ҷудо карда шудааст, ки илтиҳоби пардаҳои луобии парандаҳоро пайдо мекунанд.
Устуворӣ.
Пенитсилин дар меъёри 1000-2400 ВТ ва атсетати кали дар маҳлули 1:200 то 1:4000 барои боз доштани афзоши микрофлора истифодашаванда ба афзоиши микоплазма таъсир намерасонад. Онҳо ба окситетрасиклин, стрептомитсин, эритромитсин ва тилозин ҳамчунин ба модаҳои безараркунанда консентратсияи одди ва экспозитсия ҳассосанд.
Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Ба касал парандаҳои ҳама синну сол ҳассосанд, аммо зуд сироят ёфтани ҷавонаҳои синни 1-2 моҳа касалро ниҳоят вазнин мегузаронанд.
Манбаи барангезандаи сироят парандаҳои касал ва микоплазмаҷудокунандаҳо ( баъзан тамоми ҳайвонот ) мебошанд.
Сабаби асосии паҳншавии микоплазма, тухмҳои сироятёфта мбошанд. Фоизи сироятёбии тухмҳо метавонанд гуногун бошад, ки ин аз сину сол, шароити нигаҳдории парандаҳо вобастагӣ дорад. Сабабҳои гузаштани барангезанда метавонад дастгоҳҳо ва масолеҳи гуногун, ахлоти парандаҳо (оби бини) бошанд. Дар хоҷагиҳои ноустувор, касалии микоплазмози роҳҳои нафаскашӣ аслан бо таври бардавом, баъзан бе нишонаҳои сарирӣ мегузарад.
Микоплазмози роҳҳои нафаскашӣ бештар дар шакли сироятӣ омехта (бо илтиҳоби сироятӣ, лоренготрохеит, чечак, колибактериоз, салмонеллёз, ҳемофилёз ва ғ.) мегузарад.
Ба организми парандаҳои ҳассос, барангезандаи микоплазмози роҳҳои нафаскашӣ ворид шуда, муддати дароз метавонад нишонаҳои сарирӣ пайдо накунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё