КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Нигаҳдории парандаҳо бо таври қатъи алоҳида, вобаста ба сину-сол ба роҳ монда мешавад.
Дар ҳолати пай дар ҳам будани нигаҳдори ва парвариши парандаҳо, ҳатман пешбини кардани танаффус баъди ҳар як гурўҳи праваришкарда зарур аст. Биноҳо, масолеҳ ва дастгоҳҳо бо маҳлули гармкардашудаи 2% ишқори натри безарар гардонида мешаванд. Бештар роҳҳои катакчадор ва масолеҳҳоро бо оби гарм мешуянд.
Деворҳо ва фарши биноро бо оҳаки шукуфтаи 20% сафед мекунанд. Безараргардонии охиран-анҷомиро бо буғи фармалдегид дар таносуби 20мл фармалин ба 1м3 бино безарар мегардонанд. Аҳамияти зиёдро шумораи ҳавоивазкунакнҳо дар мурғҳонаҳо дорад. Тухумҳои зотии ба хоҷагӣ овардашуда дар инкубаторҳои алоҳида хобонида шуда, чуҷахои баромадаро алоҳида то 6 моҳагиашон парвариш мекунанд.
Дар ҳолати муқаррар кардани микоплазмоз ҳатман гузоштани чорабиниҳои монеагӣ (манъ кардани баровардани парандаҳо ва тухумро бо мақсади хушзоткуни ва ҷойивазкун парандаҳо аз мурғхонаҳои ноустувор) зарур аст. Дараҷаи паҳншавии микоплазмоз бо таҳқиқоти зардобӣ бо тафтиши 5-10% парандаҳои гўруҳи ноустувор муаян карда мешавад. Хусусан тафтиши мурғҳои гўруҳӣ зарур мебошад, токи роҳи трансовариалии паҳншавии барангезандаи микоплазмоз истисно карда шавад.
Прандаҳои касалро кушта месўзонанд, парндаҳои шартан солимро барои гирифтани тухумҳои хўрокагӣ ва гўшт, мондан мумкин аст. Дар оянда ҳамаи парандаҳои гурўҳи ноустуворро куштан зарур меояд. Ахлот ва масолеҳи густариши аз мурғҳонаҳои ноустувор бо таври биотермикӣ безарар гардонида мешавад. Барои хоҷагиро аз микоплазмоз солим ҳисобидан, баъди гузаронидани чорабиниҳои муштараки солимгардонӣ, гирифтан ва парвариши чуҷаҳои солим зарур мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё