Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Бактерия қобилияти марговарии эмбриони 3-12 рўзаро дорад. Аз ҳайвонҳои озмоишӣ мушҳо, калламушҳо, харгўшҳо ҳассосанд. Дар қатори касалиоварии аз ҳад зиёд барои чўҷаҳо киштҳоӣ дар озмоишгоҳҳо бештар кишти сусткасалиовар - сустфаъоли салмонеллаҳоро ҷудо мекунанд. Ба ғайр аз Salmonella pullorum gallinarium, аз парандаҳои мурда имкони ҷудо кардани S.typhymurium, S.dublin ва ғайраҳо имкон дорад.

Устуворӣ

  • дар муҳити беруна зиёд мебошад. Дар ҳарорат 18- 200С барангезандаи кишти хушккардашуда наздикии 7 сол, дар замин 14 моҳ, дар ахлот то 3 моҳ нигоҳ дошта мешавад. Дар фарши нарми ивазнашаванда барангезанда баъди 10 рўз мемирад.
    Маҳлули обии содаи калсидор (15-20%), нафтализол (5-6%), ишқорҳо (3-5%), формалдегид (1%), оҳаки хлордор (20%) зуд барангезандаро камфаъол мегардонанд.
    Маълумотҳое вуҷуд дорад, ки аэрозоли формалдегид ва метилбромид ба барангезанда таъсири марговар доранд.
    Ҳассосии бактерияҳо ба антибиотикҳо ва дигар доруҳо гуногун буда имкони одат кардани онҳо ба антибиотикҳо дар ҳолатҳои дарозмуддат истифода бурдани онҳоро ба вуҷуд меоранд.

Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Пуллороз дорои қобилияти паҳншавии зиёд аст, ки ин хусусияти эпизоотологии он мебошад. Ба касал намудҳои гуногуни парандаҳо ҳассосанд, аммо бештар мурғҳо ва мурғҳои марҷон касал мешаванд. Муқаррар шудааст, ки парандаҳои зоти гўштӣ ба касал бештар гирифтор мешаванд. Касал аз 2 то 6%-ро дар бар гирифта, марговарӣ дар ҷараёни шадиди касал бе табобат кардан ба 80 % мерасад.

пешина
аз 95
навбатӣ