КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Парандаҳои обгард ба касал устувории нисбӣ доранд, аммо дар онҳо касалӣ аз тарафи бактерияи S. typhimurium ба амал меояд.
Алангаи шадиди пуллороз дар байни чўҷаҳои 5-7 рўза, ва ҳолатҳои касалшавӣ бо гузаштани 14 рўз ба қайд гирифта мешавад. Сипас касал кам шуда фақат ҳолатҳои парокандагии касал бо ҷараёни бардавоми сироят мушоҳида мегардад.
Аз тухмҳои сироятёфта дар ҳолати чўҷахобонӣ 40- 60% чўҷа баровардашуда боқимондаҳо дар давраҳои гуногуни инкубатсия мемиранд. Манбаи сироят парандаҳои касал (хусусан ҷавонаҳо) ва парандаҳои – ба муҳити беруна бо ахлоташон ва тухмҳои сироятнок салмонеллаҷудокунанда мебошанд. Ахлот метавонад ба хўрока, об афтода дастгоҳҳои қассобҳоро сироятнок кунад.
Дар парандаҳо пуллорози конгениталӣ (конгенитальный, тронсовариальный) бо ворид шудани барангезанда ба тухм дар марҳилаи пайдошавии он дар узвҳои ҷинсии мурғҳо (постнатальный), инчунин дар чўҷаи навбаровардашудаи солим дар ҳолати алоқа бо парандаҳои касал ё бо муҳити берунаи сироятёфта сироят меёбанд.
Сабаби асосӣ дар паҳншавии пуллороз ин тухмҳои сироятёфта ва парандаҳои салмонеллаҷудокунанда мебошанд. Дар парандаҳои болиғ касали пуллорозшуда барангезанда дар узвҳои тухмҳосилкунанда сукунат карда, дар давраҳои муайян бо тухм берун меоянд.
Барангезанда метавонад дар зарда, сафеда, дар таги пардаи зери пўчоқи тухм дар ҳолати афтодани порчаҳои ахлот ба болои пўчоқи он (сирояти экзогенӣ) ворид шавад. Миқдори тухмҳои салмонелладор бисёр гуногун буда (аз 2 то 57%) аз хўрокдиҳӣ, нигоҳдорӣ, ҳолатҳои беҳдории мурғхонаҳо вобастагӣ дорад (Грагил ва Келлер, Манбаи барангезанда метавонад парандаҳои ваҳшии озод зиндагикунанда бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё