Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Дар ҳолати набудани дастгоҳҳои хушккунак болу пар дар ҳама гуна зарфҳои мувофиқгардонидашуда бо маҳлули 3% - и гарми (45-500С) формалдегид ба муддати 30 дақиқа безарар гардонидашуда сипас хушк карда мешаванд.
Дар хоҷагии солимгардонидашуда доимо парандаҳои каммаҳсул ва безот соқит карда мешаванд.
Безараргардонии аэрозолӣ бо атсиди шир ё хлордор гузаронида мешавад. Карантин аз хоҷагӣ баъди куштани ҳамаи саршумори касал ва гузаронидани безараргардонии охирон гирифта мешавад.
Пуллороз (Pullorosis) Пуллороз касалии сирояткунандаи парандаҳо, отряди мурғҳо, хосса ба сирояткунии рўдаҳо, узвҳои дарунӣ ва тааффунӣ дар чўҷаҳо, бо пайдоиши ҳубобчаҳо дар тухмҳои мояҳои парандаҳои болиғ хос Расми 3 мебошад. (Расми 3).

Маълумотномаи таърихӣ.
Касалии поллорозро аввалин маротиба Клейн дар Англия соли 1889 бо номи “Сальмонеллёзи парандаҳо” Расми 3.
навишта буд. Дар мамлакатҳои Аврупо касалиро бештар дар мурғҳои болиғ ва чуҷаҳо пайдо кардаанд. Барои ҳамин дар ҳолатҳои аввал касалро бо номи “Доманаи мурғҳо” (тиф кур) ва баъдан “дарунравии сафеди чўҷаҳо” (белый понос цыплят) ном мебурданд. Ин дар адабиёт муддатҳои дароз нигоҳ дошта шуд. Дар давраи ҳозира мақаррар шудааст, ки барангезандаи пуллороз ва доманаи мурғҳо ҳарду як барангезандаанд ва ин касалро пуллороз ном гузоштанд. Пуллороз дар ҳама мамлакатҳо вомехурад. Касалӣ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аввалин маротиба дар соли 1924 аз тарафи А.А. Ушаков навишта шудааст.

Барангезанда

  • Salmonella pullorum gallinarum ба оилаи эниеробактерияҳо дохил шуда қаламчаҳои охирҳояшон гирд дарозиашон 1-2,5 мкм ва паҳноиашон 0,3-0,5 мкм мебошанд. Дар молишакҳо, изҳои онҳоро ба шакли коккмонанд, ё монанди ресмон пайдо кардан мумкин аст.
    Барангезанда беҳаракат, буға ва ғилофа ҳосил намекунад, дар агари гўштию пиёбагӣ хуб сабзиш меёбад, ба сифати муҳити ғизогии қулай бактоагари “Ж” аз муҳити Эндо истифода бурда мешавад.
пешина
аз 95
навбатӣ