Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Аз баҳри дурустии қавли ту сад ҳазор динор бидиҳам ва зиёдат, то Қатрон донад, ки қавли ту пеши мо дуруст аст.
Сурхи Кофар хизмат кард ва гуфт: - Эй шоҳ, ангуштвона бидеҳ, то биравам.
Шоҳ ангуштвона ба вай дод. Сурхи Кофар бозгашт ва рӯй ба майдон ниҳод.
Аз он ҷониб Қатрон пеши Арманшоҳ омад.
Гуфт: - Чаро бозгаштӣ?
Гуфт: - Эй шоҳ, Сурхи Кофар дастурӣ хост, ки асп бадал кунад, ки аспи вай сустӣ мекард. Ман низ биёмадам, ки аспи худ бадал кунам.
Қатрон бар аспе дигар нишаст ва рӯй ба майдон ниҳод ва пеши Сурхи Кофар омад. Ҳар ду хизмат карданд.
Пас аҳволи рафта он чи шоҳ гуфта буд, бо Қатрон бозгуфт ва ангуштвона ба вай дод. Қатрон бар вай офарин кард, то Сурхи Кофар гуфт: - Моро ҷанги заргарона бояд кардан, то шаб дарояд, он гоҳ биравем.
Пас ба ҷанг даромаданд ва бисёр бо ҳам бикӯшиданд дар муҳобо, то шаб даромад. Ҳар ду лашкар табли осоиш бизаданд.
Сурхи Кофар гуфт: - Эй паҳлавон, вақти рафтан аст, ки шоҳ моро интизор мекунад.
Қатрон гуфт: - Эй паҳлавон, як андеша кардам, ки бе дасторча 1 пеши Хуршедшоҳ нашояд рафтан, хосса ки ин ҳама мардумӣ дар ҳаққи мо мекунад ва он гаҳ ӯро хизмат кунам. Ва дигар, зану фарзанди ман дар шаҳранд. Биравам ва ишонро дар ҷое пинҳон кунам.
Сурхи Кофар гуфт: - Ҳеҷ дасторча аз баҳри шоҳ намебояд.
Қатрон гуфт: - Чунин аст, аммо Арманшоҳ маро ба қалъаи Дувоздаҳдара хоҳад фиристод, то он бандиёнро биёварам.
Ҷаҳд кунам, ки ба дасторча ишонро биёварам, то шоҳро дар ҳаққи ман яқин дуруст шавад.
Сурхи Кофар гуфт:
1 Дасторча - дастовез.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё