Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Ман панҷоҳ ҳазор динори нақд аз баҳри ту биситонам аз хазина ва шаст ҳазор динор нону иқтоъ1, чунон ки бе ранҷе ба ту расад.
Катрон гуфт:
— Аз баҳри нони зиёдат номи хеш зишт натавон кардан. Нашояд баъди чандин сол дар шоҳи хеш осӣ шудан ва ба тарқи хонумон гуфтан.
Сурхи Кофар гуфт:
— Эй паҳлавон, хонумон хизмат аст. Ҳар ҷо ки хизмат кунем, хонумони мо бошад. Биё, то ман туро бигирам ва пеши Хуршедшоҳ барам, то кас нагӯяд, ки Катрон на нек кард, ки дар хизмати Хуршедшоҳ рафт. Аз бими ҷон буд.
Катрон гуфт:
— Нек набошад. Ман ин нанг ба худ наёрам, ки маро ба хорӣ пеши Хуршедшоҳ барӣ. Ин оҷизият накунам.
Сурхи Кофар гуфт:
— Яке ҳилат кунам: Замоне бигардем. Танҳо ба асп бадал кардан бозгардем. Ман аз пеши Хуршедшоҳ ангуштвона биҷӯварам, агар қавли ман бовар дорӣ.
Катрон гуфт:
— Қавли ту рост аст. Аммо шарт чунин аст: Ин кор аз баҳри дили ту мекунам, то дар хизмати ҳам бошем.— Ин бигуфт ва соате дар майдон бигаштанд. Пас ҳарду бозистоданд ва рӯй бозпас ниҳоданд.
Сурхи Кофар пеши Хуршедшоҳ омад ва хизмат кард. Шоҳ гуфт:
— Чаро бозгаштӣ?
Гуфт:
— Эй шоҳ, корсозӣ кардаам.
Шоҳ гуфт:
— Чӣ кардӣ?
Сурхи Кофар чунон ки дар майдон гуфта буд, бо шоҳ бозгуфт — ҳадиси ангуштвона бурдан ва шаст ҳазор динор иқтоу панҷоҳ ҳазор динори нақд аз хазона додан.
Шоҳ гуфт:
— Ин ту пазируфтӣ?
Сурхи Кофар гуфт:
— Бале.
Шоҳ гуфт:
1 Иқтоъ — хизматкори мансабдорони ҳарбӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё