Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
пӯшида бо маҳобату бо сиёсат, пиндоштӣ кӯҳе бар кӯҳе равон шудааст, ва худе шашпаҳлӯ бар сар ниҳода ва камаре шикорӣ бар миён баста. Замоне чавлон кард ва тариду новард намуд ва мард хост.
Аз лашкари Арманшоҳ Қатрони паҳлавон асп дар майдон чаҳонид, худро ба силоҳи гурдон биёроста ва зиреҳи довудикирдор пӯшида ва худе шашпаҳлӯ бар сар ниҳода ва дараке дар паси пушт андохта ва камоне дар бозу ва сокайну сондайн барабаста ва амуде гарон ба карбуси зин фурӯ гузошта ва найзае хаттӣ дар даст, буни найза бар замин кашон карда, бар аспе савор гашта, ки аз бод сабак бурдӣ, бо абр ҳамбарӣ кардӣ — аспе девдил, зиргомзаҳра, хузабрмаърака, бар тару хушк чун сарсар бигузаштӣ ва пеш аз андеша ба мақом расидӣ. Қатрони паҳлавон бар аспе чунин савор гашта, рӯй ба майдон ниҳод ва пеши Сурхи Қофар омаду аз пушти асп ӯро салом кард. Сурхи Қофар низ хизмат кард, ки бо якдигар бисёр шароб хӯрда буданд ва дӯстӣ карда. Қатрон гуфт:
— Эй паҳлавон, ин чӣ буд, ки ту кардӣ? Номи худ зишт кардӣ, хонумон раҳо кардӣ ва ҳаққи Арманшоҳ бигӯзоштӣ. Подшоҳӣ ба фармонбарӣ бидодӣ. Касе корҳо кунад, ки ту кардӣ?
Сурхи Қофар гуфт:
— Эй паҳлавон, ту надонӣ. Чаро дар ҷойгоҳе хизмат кунам, ки дар соле се ҳазор динор ба ман расад ва ба номи нодоштон. Ва номи ман Сурхи Қофари қаттол буд ва дар ҳеҷ девон номи ман бознахонанд. Чаро хизмати подшоҳе накунам, ки ҳанӯз маро Надида ва хизмате азони вай нокарда сӣ ҳазор динор маро нақд диҳад ва дар ҳафтае ду навбат хилъат диҳад. Аввали хилъат, ки ба ман дод чун пеши вай рафтам, даҳ ҳазор динор зиёдат аст ва бе ман замоне шароб нахӯрад па паҳлавонии ҷумлаи лашкар ба ман арзонӣ дорад. Он чӣ маро мегӯӣ, ту қабул кун. Туро чанд ҳазор динор нон аст?
Қатрон гуфт:
— Панҷоҳ ҳазор динор.
Сурхи Қофар гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё