Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ҳар яке сухане гуфтанд. Гурӯҳе бар Самаки айёр офарин карданд ва қавме дар тааҷҷуб бозмонданд, то Корун кас ба шоҳ фиристод ва маълуми шоҳ кард.
Чун Арманшоҳ ин аҳвол бишунид, дилтанг шуд. Қимамалик ғамнок шуд. Паҳлавонон фурӯ монданд. Бо ҳам уфтанд: «Чӣ тадбир созем? Самак чӣ гуна мардест, ки ондин ҳазор мард аз беруни шаҳру андарун бо вай барҳамеоянд ва ин корҳо мекунад?» — Ишон дар гуфтор, ки овози кӯси ҳарбӣ баромад аз лашкаргоҳи Хуршедшоҳ. Ва ин аз он буд, ки Сурхи Кофар аз талоя бозгашта буд ва пеши Хуршедшоҳ омада ва Кофурро оварда буд.
Шоҳ гуфт:
— Ин кист?
Сурхи Кофар гуфт:
— Эй шоҳи бузургвор, инро Самак овард. — Ва аҳвол бигуфт.
Шоҳ фармуд, ки ӯро сиёсат бояд кардан, ки шогирди Конун аст.
Сурхи Кофар гуфт:
— Ӯро банд барнеҳ ва мувақкал баргумор, ки агар куштани будӣ, Самак ӯро нафиристодӣ.
ПАС ӯро банд барниҳоданд ва ба мувақкалон супурданд.
Сурхи Кофар гуфт:
— Эй шоҳ, ба чӣ кор баробари ин лашкар нишастӣ?
Дастур деҳ, то ба як лаҳза ин лашкар аз ҷой баркунам ва ба тороҷ диҳам.
Шоҳ гуфт:
— Шитоб макун. — Бифармуд то кӯси ҳарбӣ фурӯ
кӯфтанд ва мардон аз ҷой баромаданд.
Арманшоҳ бишунид, ғазабнок буд, бифармуд, то сипоҳ берун омаданд. Аз ҳарду ҷониб сафҳо рост бидоштанд. Майманаву майсара ва қалбу ҷаноҳ тартиб медоштанд.
Аввал касе, ки аз лашкари Хуршедшоҳ дар майдон
омад, Сурхи Кофар буд, бар асбе номдор савор гашта
ва ҷавшане хурдғайба пӯшида ва худе одӣ, чанди гунбаде бар сар ниҳода ва камаре гавҳарнигор бар миён
баста ва гирд бар гирди камар тири ёздаҳмуштӣ фурӯбурда ва камоне ҷочӣ дар бозу афканда ва дараке оҳанин дар паси пушт ва теғ ҳамоил карда ва найзае тамом боло дар даст гирифта; аз мағзи сар то суми асп

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё