Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

то паҳлавоне дар майдон ояд. Ба чунин мардон масоф хоҳӣ кардан? Куҷо шуд Қатрон? Бигӯ, то ба майдон ояд ва захми найзаи ман бибинад, ки чӣ гуна аст!

Қатрон аз роҳ расида буд, пеши Арманшоҳ истода, хидмат кард, гуфт:
— Эй шоҳ, банда аз ранҷи роҳ хаста аст, аммо Сурхи Кофар маро мехоҳад. Ба иқболи шоҳ дар майдон хоҳам рафтан.

Шоҳ гуфт:
— Бирав, ҷаҳд кун, то ӯро қаҳр кунӣ.

Қатрони паҳлавон асб дар майдон ҷаҳонид. Пеши Сурхи Кофар омаду хидмат кард. Сурхи Кофар низ ӯро бипурсид ва аҳволи рафтану омадан ва чора кардан аз баҳри қалъаи Дувоздаҳдара ва бозхондани ӯро шарҳ дод. Пас найза бар найза афканданд ва ҷанге бикарданд азим, чунон ки ду лашкар дар ӯ бозмонда буданд.
Аммо дар миёни ҷанг ҳурмати якдигар нигоҳ медоштанд, то Сурхи Кофар ташна шуд. Овоз дод, ки:
— Обе биёред.

Хуршедшоҳ бифармуд, то шаробдор тосе гавҳаригор пуроб кард ва набот дар ӯ кард ва дар майдон овард, ба дасти Сурхи Кофар дод. Гуфт:
— Эй паҳлавон, ҳар чӣ ман ба касе диҳам, бознаситонам. — Шоҳ бар ӯ гуфта буд, ки бигӯянд.

Сурхи Кофар худ аз сар баргирифт ва тос бар сар ниҳод.

Қатрон гуфт:
— Эй паҳлавон, ин чист?

Сурхи Кофар гуфт:
— Шоҳ бо об фиристод ва ба ман бахшид ва мегӯяд: «Ҳар чӣ ман ба касе бахшам, бознаситонам» ва ин сухан низ бо ту мегӯяд.

Қатрон гуфт:
— Сухани подшоҳон ҳама нуктаву рамз бошад. Лекнун ин тос ба ман бахш.

Сурхи Кофар бад-ӯ дод ва гуфт:
— Ба ту бахшидам.

Қатрон тос дар даст пеши Арманшоҳ омад ва биниҳод. Арманшоҳ нигоҳ кард, тосе дид, ки бо олоти шаробхона он вай бурда буданд. Гуфт:
— Эй Қатрон, ин тоси ман аст, ки бо олоти шаробхона бибурданд. Бозгард, бигӯй, ки «Саховат аз моли касон мекунӣ? Бахшиш аз моли худ бояд кардан».

пешина
аз 283
навбатӣ