Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Арминшоҳ гуфт:
— Кист, ки аз лашкари ишон дар майдон омадааст, ки бас паҳлавону чолок аст?
Гуфтанд:
— Эй шоҳ, надонӣ, ки ин Сурхи Қофар аст?
Арминшоҳ гуфт:
— Ин ҳаромзода то дар хизмати мо буд, дуздӣ ва нодоштӣ кардӣ ва шабравику қаттолӣ. Ва худ нагуфтӣ, ки ман майдондорӣ медонам. То бо ишон аст, аз майдондорӣ ҳеҷ боз кам намекунад. Кист, ки дар майдон равад ва ҷанги ин нокас бозлиҷад?
Паҳлавоне буд аз биёбони Хурҷон, номи ӯ Санҷок буд. Асб дар майдон ҷангини худро бо созу салаби зар ороста. Баробари Сурхи Қофар омад ва бонг бар вай зад. Гуфт:
— Эй ҳаромзодаи ноҷавонмард, чаро аз аҳли Арманшоҳ баргаштӣ? Бо ту аз бадӣ чӣ карда буд? Ҳам акнун мукофоти ту боз кунам! — Ин бигуфт ва найза аз ҷой барканд ва ба Сурхи Қофар даромад. Сурхи Қофар истода буд ва дар вай нигоҳ мекард, на дам мезад ва на сухан мегуфт, то як-ду ҳамла биёвард. Сурхи Қофар бар ҷой мебуд ва ҳамлаи ӯ рад мекард, то тира шуд ва найза аз ҷой барканд ва бар синаи Санҷок чунон зад, ки ӯро аз пушт бадар кард. Пас буни найза ба рӯйи рон овард ва дар бағал гирифту қувват кард ва ӯро бияндохт, миқдори бист гом бар замин зад ва ҳамон майдон ғубор гирифт. Гуфтӣ магар ҳазор савор дар майдон ҷавлон мекунанд.
Сурхи Қофар наъра зад ва мард хост ва гуфт:
— Дар майдон ҷавлон мекунам, дароед, эй паҳлавонон, ҳар киро поймонаи умр ба сар омадааст, то соате ӯро барозмоем.
Ногоҳ саворе дар майдон омад, ки ба марди зиёдат аз Санҷок буд. Пеши Сурхи Қофар омад ва душном дод ва аз гарди роҳ шаторат¹ намуд ва ҳамла овард.
Сурхи Қофар нигоҳ медошт, то наздик омад. Ӯро як найза зад бар пушт, чунон ки аз пушти вай бигузашт.
Вайро биафканд.
Сибсате дар дили Арминшоҳ бияфтод. Ҳеҷ кас дар майдон намерафт. Сурхи Қофар наъра мезад, гуфт:
— Эй Арминшоҳ, куҷо шуданд он мардони ту? Бигӯ.
¹ Шаторат — далерӣ, ҷолокӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё