Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Гуфт:
— Эй озодмард, маро бознишон.
Маҳрӯя Самакро бознишонд.
Самак гуфт:
— Эй Маҳрӯя, ҷавонмардиву ҳалолзодагии ту он бошад, ки маро ба зинҳор дорӣ ва аз ин ҷойгоҳ ба сарои худ барӣ ва мудовот кунӣ, то беҳтар шавам ва он чӣ тавонам аз некӣ, ба ҷои ту кунам ва аз яздон туро мукофоти некӣ расад.
Маҳрӯя гуфт:
— Фармонбардорам.
ПАС, ҳам дарсоат Самакро дар пушт гирифт ва ба сарои худ овард.
Маҳрӯя зане дошт сахт порсову некӯмаҳзар ва номи ӯ Сомона.
Гуфт:
Эй Маҳрӯя, ин кист?
Гуфт:
— Эй зан, чандин сол аст ношоист мекунам, чунон ки яздон бар он розӣ нест. Кори нек аз баҳри яздон хоҳам кардан. Ин мард аз ҷумлаи айёрон аст, ки Фағфур эшонро ба макр бикушт. Ин ҷавон хастагӣ дорад, ҷароҳати бисёре ба вай расидааст. Ӯро муолиҷат кунам, то яздон ӯро шифо диҳад ва бар ман раҳмат кунад.
Зан гуфт:
— Аз ин беҳтар чӣ хоҳӣ кардан. Кошкӣ ҳамаи корҳо чунин кардӣ.
Пас, зан бархост ва об гарм кард ва пеши Самак овард, то хун аз андоми вай бишӯяд.
Самаки айёр гуфт:
— Ман туро ба хоҳарӣ қабул кардам ва ту маро ба бародарӣ қабул кун.
Сомона ӯро ба бародарӣ қабул кард, гуфт:
— Эй хоҳар, даст дар миёни ман кун, ки қадре зар ҳаст, баргир. Сомона даст дар миёни Самак кард ва қадре зар, ки дар миёни ӯ буд, бикшод. Сад динор буд.
Гуфт:
— Эй хоҳар, ба харҷи ман кун, то туро ранҷ камтар бувад.
Пас, Сомона хун аз андоми вай пок кард ва ҷароҳатҳои ӯ бубаст.
Маҳрӯя гуфт:
— Эй зан, бархез ва гӯштоба ба хӯрди вай деҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё