Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Меҳрони вазир гуфт:
— Ин куштагонро ба саҳро бареду бификанед, то сагон эшонро бихӯранд.
Хидматгорон он куштагонро ба саҳро бурданд ва бияфканданд ва Самак дар миёни куштагон буд.
Меҳрони вазир гуфт:
— Ба сарои ҷавонмардон равед ва сарои эшон ғорат кунед.
Ҷамоате рӯй ба сарои ҷавонмардон ниҳоданду даст ба ғорат бикушоданд. Шабдизро диданд баста. Ӯро бикушоданд ва ҳар чӣ дар сарой буд, ҳама ба ғорат бибурданд ва он сарой бо замин рост карданд.
Чунин гӯяд худованди ахбор ва муаллифи китоб, ки чун куштагонро аз боргоҳ берун бурданд ва дар саҳро бияфканданд, ба гуфти Меҳрони вазир, то сагонашон бихӯранд. Ва Самаки айёр дар миёни куштагон безӯру қувват афтода буд аз бисёрии хун, ки аз вай рафта буд, то он соат, ки шаб шуд.
Ҳақтаоло тақдир кард, ки яке дар он шаҳр буд наббош1 кардӣ, номи ӯ Маҳрӯя. Он Маҳрӯя он шаб гуфт: «Биравам ва он куштагонро бингарам, то ҳеҷ зар доранд, ки он қавм ҳама вақт бо зар мебуданду ҷомаву кулоҳ ва камару корд ва миёнбанду он чӣ бад-ин монад. Бошад, ки чизе ба даст оварам». Ин андеша бикард ва аз сарой берун омад, то пеши он куштагон бирасид ва дар ҳар яке менигарид ва миёну бозуи эшон нигоҳ мекард. Ҳар кӣ чизе дошт, бармегирифт, то пеши Самаки айёр омад. Чун даст бар Самак ниҳод, хунукии дасти Маҳрӯя бар Самак расид, чашм боз кард ва биҷунбид ва гуфт:
— Эй озодмард, ту кистӣ ва ман куҷоам?
Маҳрӯя гуфт:
— Эй озодмард, манам Маҳрӯяи наббош.
Чун Самак номи Маҳрӯя шунид, ӯро бишнохт. Гуфт:
— Эй Маҳрӯя, дар ту ҷавонмардӣ бошад, аз баҳри яздон маро шурбате 2 об диҳӣ, то туро яздон ба фарёд расад. Ин бигуфт ва Маҳрӯя бирафт, соате буд, биёмад ва кӯзаи об биёвард ва ба болини Самак омаду об дар гулӯи Самак рехт. Чун об ба ҳалқи Самак рафт, хунукӣ ба андоми ӯ расид ва порае тӯшу қувват ба вай бозомад.
1 Наббош — кафандузд.
2 Шурбат — як култ, як ҷуръа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё