Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

каманд ба миёни вай басту ӯро ба каманд фурӯ гузошт. Ҳанӯз каманд ба нима нарасида буд, ки каманд бибуриданд ва духтар бибурданду Самак ба болои бом хабар надошт.

Аммо муаллифи ахбор ва ровии қисса Фаромурзи Худодод аз ровӣ ва мусаннифи китоб Садақаи Абулқосим чунин гӯяд, ки Меҳрони вазир — он шуми ҳаромзодаи бадфеъл аз майдон ба сарой омад фарзанд кушта ва он хорӣ аз Самаки айёр дида, дилтангу ғамнок. Чун фарзандро дафн карданд ва шаб даромад, ҳар андеша, ки мекард, ки чора чӣ созад, фурӯ монд. Кас фиристоду паҳлавони Шерафканро бихонд, онгаҳ ӯро аз дасти Самак бозситада буд. Чун биёмад, Меҳрон бархосту ӯро азиз кард ва пеши худ бинишонд.

Гуфт:
— Эй паҳлавон, бидон ва огоҳ бош, ки шоҳ Фағфӯр қасди ҷони туву азони ман дорад. Акнун тадбир кунам ва духтар дар канори ту кунам ва подшоҳӣ аз они ту бошад.

Шерафкан барошуфт ва гуфт:
— Эй вазир, шоҳ қасди мо дорад? Ҷавоб додани вай бар ман! Акнун чӣ тадбир хоҳӣ сохтан?

Гуфт:
— Тадбир он аст, ки пеш аз он, ки ақд дарбанданд, касе биравад ва духтари шоҳ ба ҳилат бидуздад, то он ақд боз пас афтад. Он гоҳ тадбир созем.

Ҳақтаоло тақдир кард, ки Меҳрони вазири ҳаромзода ғуломе дошт, номи вай Шабдиз. Ӯро бихонду дуо гуфт ва ӯро дилгармӣ дод ва гуфт:
— Агар биравию духтари шоҳ биёварӣ, туро аз моли дунё ғанӣ кунам.

Ва он ғулом сахт чолок буд ва нақб 1 некӯ буридӣ ва шабравӣ некӯ донистӣ ва нақб буридан чунон донистӣ, ки агар як нафас нақб буридӣ ва нишон кардӣ, сари нақб некӯ бад-он ҷо расидӣ, ки нишон карда будӣ. Пас, Шабдиз гуфт:
— Эй вазир, андеша мадор, ки банда бираваду ин кор бисозад ва духтар биёварад.

Ин бигуфту аз пеши вай берун омад. Нақб бибурид, то бад-он ҷо ки нишон карда буд. Чун аз ҷойгоҳи нақб

1 Нақб — нақб.

пешина
аз 290
навбатӣ