Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳаромзода ҳилате бисозад ва духтари шоҳ пинҳон кунад ва мо бар он саргардон шавем, то духтар ба даст оварем.

Шағол бо дигарон гуфтанд:
— Чора чист?

Самак гуфт:
— Тадбир он медонам, ки имшаб ба сарои шоҳ равам ва ӯро биёварам. Чун вақти арӯсӣ бошад, ӯро аз ин хонаи мо берун оваранд.

Ҳамагон бар вай офарин карданд. Бар ин тадбир мебуданд, то заб даромад.

Самак бархосту силоҳ пӯшид аз корду каманду зиреҳ- доману пойтоба ва каманд ҳалқа карда ва дар бозу афканд, дашнае дар паси пушт ба каманд фурӯ бурда рӯй бадар ниҳод, то бар дари сарои шоҳ омад. Овози посбон ба фалак бармешуд, замоне буд, давом ёфт. Қарор гирифт, то овози посбонон камтар шуд. Пас, дар гӯшае рафту каманд дар сари даст гирифт ва бияндохт, чун дар рӯи ҳаво рафт, ҳамчунон ки даст ошиқу маъшуқ дар гардани якдигар афкананд, дар сарои духтари шоҳ афканд. Самаки айёр каманд даркашиду устувор кард. Пас даст дар каманд заду ба боло баромад, ба роҳи рост ба ҳуҷраи духтари шоҳ рафт. Маҳпариро дид ҳамчун хирмани гул хуфта. Духтарро нармак ба даст биҷунбонид, сари остини зиреҳ бар рӯи вай афканд ва ба тариқи ҳурмат ва адаб ӯро сокин биҷунбонид.

Духтар чашм баркард, якеро дид пеши вай истода зиреҳпӯшидаву корд баркашида. Духтар биҳаросид.

Гуфт:
— Эй духтар, матарс, манам Самаки айёр — шогирди Шағоли Пилзӯр, кушандаи Қобиз — писари Меҳрони вазир, чунон ки дидиву шунидӣ ва ман омадаам, то туро пеши Хуршедшоҳ барам, ки аз макри Меҳрони вазир эмин нестам. Набояд, ки макре кунад, ки мо бар он рапҷурдил гардем.

Духтари шоҳ хуррам шуду бархост.

Самаки айёр гуфт:
— Эй духтар, ба гувоҳии яздон маро ба бародарӣ қабул кардӣ?

Духтар гуфт:
— Кардам.

Самаки айёр гуфт:
— Ман туро ба хоҳарӣ қабул кардам.

Пас, дасти Маҳпарӣ гирифту ба болои бом баромад ва

пешина
аз 290
навбатӣ