Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Баъди китобат мундариҷа ва сабку забони «Доробнома» низ ба тағйиру такмиле дучор нашудааст. Аз ин тафсилот ду нуктаи муҳим бармеояд:
- асарҳои насри ривоятӣ то давраи ба рӯи қоғаз омаданашон мисли асарҳои фолклор муттасил тағйиру такмил ёбанд ҳам, баъди китобат аксарияти онҳо чун осори таълифӣ асрҳо бе тағйироти муҳимме мемонанд; 2) ҳар як асари насри ривоятӣ, ки сарчашмаи ин эҷодиёти лафзии халқ аст, ду муаллиф доштааст, ки яке қиссахон ва дигаре китобаткунанда будааст.
Офаринандаи асарҳои насри ривоятӣ қиссахонон буданд. Дар асрҳои миёна қиссахонӣ ва гӯяндагӣ чун як пешаи махсус дар тамоми мамлакатҳои Шарқ ривоҷи тамом дошт. Хусусан дар Ҳиндустон, кишварҳои Араб, Чин ва Эрону Осиёи Миёна қиссахонон ва бозингарони театрҳои халқӣ дар ташаккули завқи эстетикии ҷамъият роҳи бузурге доштанд. Ҳарчанд ки мамлакатҳои мазкур таърихи чандҳазорсолаи адабиёт дошта, аз гаҳвораҳои тамаддуни ҷаҳон ба шумор мераванд, адабиёти хаттии онҳо дар гузашта дастраси ҳамаи табақаҳои ҷамъият набуд. Аз ин сабаб осори бузургон мавриди мутолиаи ҳамаи аъзоёни ҷамъият қарор гирифта наметавонист. Талаботи завқи бадеии синфи заҳматкашро бештар ровӣ, қиссагӯ, воиз ва афсонагӯёну шоҳномахонон қаноат мекарданд. Онҳо тарғиботчиёни адабиёт ва санъат буданд.
Муносибати осори таълифӣ, фолклор ва насри ривоятӣ ба фаъолияти қиссагӯён вобаста аст. Маҳз онҳо достонҳои қаҳрамонӣ, қиссаҳои шӯрангези ишқии шоирони классикро наср гардонида, ба мардум нақл мекарданд. Ривоятҳои насрии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, достонҳои ишқии Низомии Ганҷавӣ ва дигар маснавиҳоро аксаран аввал қиссагӯён тартибу таҳрир кардаанд.
Дар таърихи насри ривоятии форсу тоҷик даҳҳо қиссагӯёни бомаҳоратро мебинем, ки на танҳо шунавандагонро бо санъати баланди худ мафтун мекарданд, инчунин аз онҳо мероси гаронбаҳое боқӣ мондааст. Абӯтоҳири Тарсусӣ, Фаромурзи Худодод, Садақа бинни Абулқосим, Шамсиддини Моғӣ, Ҳоҷӣ Муҳаммади Беғамӣ, Маҳмуди Дафтархон, Мирзоҳири Астарободӣ, Абдулбақои Ворас дар ривоҷи насри ривоятӣ саҳме гузоштаанд ва аз ҳар кадоми онҳо осоре боқӣ мондааст.
Ҳарчанд ки ибтидои асарҳои насри ривоятии форсу тоҷик аз замонҳои хеле қадим аст, қадимтарин нусхаи ин жанр, ки то замони мо расидааст, ба асрҳои XII—XIII тааллуқ дорад.
Дар арзи асрҳои XI—XV романҳои «Абӯмуслимнома», «Замчинома», «Каҳрамони қотил», «Доробнома» ва чандин асари дигари насри ривоятӣ таҳрир шудаанд. Китоби «Искандарнома», ки дастхатти қадимаи он ба асри XIII—XIV тааллуқ дорад, низ аз қиссабу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё