Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳикояҳо иборат аст. Аксари он қиссаҳо решаи юнонӣ дошта, дар асрҳои баъд ба ривоҷи насри ривоятии форсу тоҷик таъсири муайяне гузоштаанд. Тамоми асарҳое ки номбар кардем, ҳаҷман хеле бузург буда, ҳар кадом аз ҳазор то ду ҳазор саҳифаро дарбар мегирад.

Асрҳои X—XV-ро давраи инкишофи қиссаҳои бузург дар насри ривоятӣ шуморидан мумкин аст.

Ҷамъомаде, ки дар он қиссахоне ягон асарро нақл мекард, маърака меномиданд. Маърака дар ҷойҳои серодам — бозор, чорсуву гузарҳо, мадрасаву масҷид ва идгоҳҳо ҷамъ меомад. Аз ин ҷиҳат шаҳр, ки маҳалли серодам буд, дар тараққиёти қиссаҳори роли калон бозидааст.

Таърихи инкишофи жанри насри ривоятӣ бо ташаккули шаҳрҳои феодалии Осиёи Миёна ва Эрон вобаста буд ва бештар ҳаёти мардуми шаҳрро инъикос намудааст. Саргузашт ва корномаи тамоми қаҳрамонони «Самаки айёр», «Абӯмуслимнома» ва дигар романҳо асосан дар шаҳрҳои бузурги Шарқ сурат мегирад. Қаҳрамонони ин асарҳо низ аз аҳли ҳунар ва мардуми бозор иборатанд. Дар романҳои насри ривоятӣ баробари нақли воқеаҳои аҷибу ғариб тасвири шаҳр, қалъаҳо, майдонҳои ҷанг, маросимҳои сафир қабул кардани шоҳон, баёни расму оин ва урфу одати маҳалҳои гуногун хеле зиёд дучор меоянд. Аз ин ҷиҳат романҳои насри ривоятӣ ба ғайр аз аҳамияти адабӣ қимати калони этнографӣ ва таърихӣ низ доранд.

Насри ривоятии форсу тоҷик умуман, шакли роман махсусан, аз ҷиҳати забон ва сабк арзиши бузург дорад. Осори ин жанрро аз ҷиҳати услуб ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: сабки содда, сабки «омехта» ва сабки такаллуфомез. Романҳои «Самаки айёр», «Доробнома» ва чанде дигар бо сабки содда таҳрир шудаанд. Забони ин гурӯҳ асарҳо ба сабки адабиёти таълифии асрҳои X—XI монанд аст, ки «сабки хуросонӣ» меноманданд. Адабиёти асри X ва нимаи аввали асри XI бо забони соддаи адабӣ навишта шудааст ва ба забони зиндаи гуфтугӯии халқ хеле наздик буд. Аммо аз нимаҳои асри XI сар карда, дар адабиёт ва хусусан дар наср сабки маснӯъ, ки аз печ дар печу пуртакаллуф ва бо ибораороиву суханпардозиҳо ифода кардани мақсад иборат аст, ҳукмфармо гардид. Ин сабк то асри XIV инкишоф ёфт. Ҳарчанд ки дар асрҳои XIV—XV сабки маснӯъ аз адабиёти бадеӣ ба соҳаи таърихнависӣ гузашт, сабки соддаи асри X ба насри таълифӣ дигар барнагашт.

Сабки соддаи хуросонӣ дар насри ривоятӣ тахминан то асри XVI комилан нигоҳ дошта шудааст. Агар «Самак», «Искандарнома», «Доробнома»-и Тарсусӣ дар асрҳои XI—XIV китобат шуда бошанд, «Доробнома»-и Бегамиро Маҳмуди Дафтархон соли 1485 китобат кардааст, ки ин асар ҳам тамоман бо сабки соддаи асри X таҳрир шудааст. Ба ин нуқта аввалин бор олими маъруфи Эрон Муҳаммадтақии

пешина
аз 290
навбатӣ