Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Насри таълифӣ мисли дигар шаклҳои адабиёти хаттӣ аз тарафи муаллифе эҷод мешавад ва ҳеҷ кас ҳуқуқи тағйиру такмил додани онро надорад. Асарҳои фольклор таровиши табъи халқ буда, муттасил тағйиру такмил меёбанд. Аммо осори насри ривоятӣ тарзи хоси таҳриру такмил доранд. Ин нуктаро дар мисоли ду китоби ривоятӣ — «Самаки айёр» ва «Доробнома» дидан мумкин аст. Ҳар ду асар ҳам дар арзи асрҳои XII—XIII дар шакли китоби алоҳида даромадаанд.
Чунон ки адабиётшиноси Эрон Забеҳуллоҳи Сафо дар китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон» (1957) тахмин кардааст, мундариҷаи «Самаки айёр» чанд аср пеш аз мураттаб шуданаш дар шакли қиссаҳои алоҳидаи далериву корномаҳои Самак, ҷавонмардиҳои Шағоли Пилзӯру Сурхвард ва дигар айёрпешагон, саргузашти ошиқон Махпариву Хуршедшоҳ дар байни мардум маълум буда, ҳиссахонон муқтазам мехондаанд. Ниҳоят қиссахоне бо номи Садақа бинни Абулқосим он ҳикоятҳои ширини парокандаро ҷамъоварӣ намуда, қиссаи бузургтар тартиб додааст. Баъд аз чанд вақт он асарро Фаромурз бинни Худодод бинни Абдуллоҳи котиб-ал-Раҷонӣ ба рӯи коғаз овард. Ҳоло маълум нест, ки Фаромурзи Худодод китобро бевосита аз забони Садақа бинни Абулқосим навиштааст ва ё худ таҳрир намуда, баъд китобат кардааст. Олими эронӣ Парвези Хонларӣ дар сарсухани «Самаки айёр» тахмин менамояд, ки «...шояд китоб айни иборатҳои қиссагӯро сабт кардааст».
Тахминан ҳамин ҳолатро дар пайдоиш ва китобати «Доробнома» низ мушоҳида менамоем. Ин асар низ муддати мадид дар байни халқ маълум буда, аз насл ба насл гузашта меомад. Дар таърихи насри ривоятии форсу тоҷик ду «Доробнома» мавҷуд буда, якеро, зоҳиран, қиссахони машҳури асрҳои XI—XII Абӯтоҳири Тарсусӣ, дувӯмашро ровии номии асри XIV—XV Ҳоҷӣ Муҳаммади Беғамӣ мураттаб кардаанд. Ин ду китоб такрор ё таҳрири якдигар набуда, балки асарҳои мустақилист роҷеъ ба саргузашт ва ишқварзиҳои пурмашаққати Фирӯзу Айнулҳаёт. Аммо Тарсусӣ китоби худро дар асоси ривоятҳои юнонӣ, аммо Беғамӣ аз ривояти форсӣ тартиб додаанд.
Таърихи пайдо шудани асари Беғамӣ ҷолиби диққат аст. Қиссаҳои Доробу писари ӯ Фирӯз ва Айнулҳаёт пеш аз ислом дар эронзамин маълум буда, то асри XIV—XV ровиёну қиссапардозон он ҳикоятҳоро аз авлод ба авлод нақл карда меомадаанд. Ниҳоят, Беғамӣ он ҳикоёти парокандаро ба як тартиби муайян даровард, вале онро ба рӯи коғаз наоварда аз ёд мехондааст. Китобати «Доробнома» ба қалами Маҳмуди Дафтархон тааллуқ дорад. Нусхаҳои дастхати ҳар ду варианти «Доробнома» то ба мо расидаанд.¹
1 «Доробнома»-и Беғамӣ соли 1961 дар Теҳрон бо тасҳеҳи Забеҳуллоҳи Сафо аз чоп баромадааст ва ношир дар сарсухани худ хабар додааст, ки «Доробнома»-и Тарсусӣ низ ба нашриёт супоридааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё