Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Худойгонро 1 бақо бод. То бад-ин ғоят умед медадоштам, ки бандаро дастурӣ диҳад, то ба хостгории Маҳпарӣ равам ва ин бори гарон, ки бар гардан дорам, аз гардан бияндозам ва дил аз ғам софӣ кунам ва ҷон аз меҳнат бозраҳонам ва равон аз дард озод кунам. Ва чунон донам, ки шоҳи бузургвор аз дарди ман хабар надорад ва аз ҳоли дили ман беогоҳ аст. Аз он чӣ аз ғами ишқ бар банда буд, маълуми роҳи олӣ кардам ва ба ёди падари бузургвор овардам ва ранҷҳо, ки кашидам, шоҳро маълум аст. Акнун мехоҳам, ки шоҳ дастурӣ диҳад, то ба талаб кардани Маҳпарӣ камар бандам ва роҳи ҷустани дилором пеш гирам, ки беш аз ин тоқати фироқ надорам.

Марзбоншоҳ чун сухани фарзанд бишнид ва бар он гуна ӯро нолон дид, бигирист ва гуфт:

— Эй ҷони падар ва эй фарзанди меҳрубон, панди он пирамард ёд овар ва насиҳати он гӯш кун, ки панди пирон пазируфтан ҳама хуррамӣ ҳосил орад. Ва аз панди пирон ҳама кас ба мурод расанд ва дигар фармони падарон тоати яздон аст. Зинҳор доғ бар ҷони падар манеҳ ва бар модару падар ва хоҳар шафқат кун ва чунон пиндор, ки ӯро ба хоб дидӣ, ва меҳри ӯ фаромӯш кун, ки ҳанӯз кӯдакӣ. Ва маслиҳат намебинам, ки ту аз пеши падару модар ҷудо гардӣ.

Хуршедшоҳ чун он сухан бишнид, фарёд баровард ва бияфтод аз ақл бирафт. Марзбоншоҳ сари фарзанд дар канор гирифт ва бифармуд, то арақоби бед 2 бар вай заданд, то ба ҳуш бозомад ва зориву нола дарпайваст ва фарёд оғоз кард ва гуфт:

— Эй падар, туро бар ман шафқат нест ва аз дарди дили ман хабар надориву ғами чун ман фарзанде намехӯрӣ. Ҳарчанде ки аз ин беш гӯям, ту аз дарди дили ман хабар чӣ дорӣ? Ту ин дард наёзмудай ва талхии фироқ накашидай. То намедонистам, ки духтар кист ва ҷойгоҳи вай куҷост, бар ман осонтар буд. Акнун сухан турост. Он вақт бемор будам ба дил, чунон ки дидӣ ва ҳавасе дар дил доштам. Акнун ба ҷон беморам ва ҳаваси ман ба ишқ бадал шуд. Акнун беқарорам. Агар бояд маро дастурӣ диҳӣ, вагарна худро ҳалок кунам, ки аз ин беш тоқати дарди фироқ намедорам. Ту дар миёни ҷанге нестӣ, назора мекунӣ ва корҳои ҷанг бар назора осон аст.

1 Худойгон — соҳиб, сардор.
2 Арақобибед — навъе аз дарахти бедест, ки онро «бед-мушк» гӯянд ва арақи онро барои заъфи дил ба кор баранд.

пешина
аз 290
навбатӣ