Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маро гӯянд: туро сабр аст чора,
Чӣ осон аст кӯшиш бар назора.
Дили ту бо дили ман нест яксоп,
Туро доман ҳамесӯзад, маро ҷон.

Ва агар аз баҳри он, ки моли бисёр ба харҷ равад ё лашкари бисёр бояд, ки бубарам, гуфтан шарт нест, аммо гуфтам, агар бар ин сабаб раҳо намекунӣ, бигзор то биравам, ки маро на мол бояд ва на лашкар. Маро мол ва лашкар тамом аст. Танҳо биравам чандон ки ӯро буби- нам ва ба мардӣ ӯро ба даст оварам ва ё на, ҳалок шавам, боре ғам набояд хӯрдан.

Шоҳ гуфт:

— Эй писар, ба яздони додори кирдигор ва ба ҷони покону некон ва ба сари ту, ки бар ман азиз аст, ин су- хан на аз баҳри молу лашкар мегӯям. Ранҷи ту намехо- ҳам ва шарбати фироқ, ки ба дасти ман медиҳӣ, маро душ- вор аст, шарбати фироқ душвор аст ва нохуш аст. Хосса чун ту фарзанд, ки агар дар ҷаҳон ҳар чи мол аст ва ган- чи мероси падарон ба харҷ равад, дӯсттар туро дорам, ки ранҷе ба ту расад ва подшоҳии ман барои туст. Лашкар ва сипоҳ ҷумла бандагони туанд. Ту ҷонӣ ва ҳазор бор аз ҷон азизтарӣ, ки дар ин боб гуфтаанд:

Чиз аз паи ҷон аст, на ҷон аз паи чиз,
Чун ҷон биравад, куҷо ба кор ояд чиз?

Зинҳор, эй писар, то ин андар дил наёрӣ.

Хуршедшоҳ ҳеҷ қабул накард ва мегирист ва Марз- боншоҳ низ мегирист. Ҳомони вазир ҳозир буд, гуфт:

— Эй бузургвор шоҳ, сухан аз ҳад гузашт. Кори фар- занд бисоз ва бар вай бибахшой, ки ин карданист ва тар- тиби роҳи ӯ кун, то биравад, ки ӯро, бешак, ба талаби духтар бояд рафтан. Ва ин кор ба дасти вай барояд, агар- чи ранҷи бисёр ба вай расад, кори вай ба коми вай гар- дад, ки толеи қавӣ дорад. Охир, аз ҳакимон шунидӣ, ки аҳволи вай дар сафар чӣ гуна бувад ва ман низ донистам, ки кори вай аз сафар некӯ шавад ва он духтар ба даст оварад ва ба мурод бирасад.

Марзбоншоҳ чун ин сухан бишнид аз вазир, рухсори фарзандро бӯса дод ва гуфт:

— Ҷони падар, дил хуш дор, ки падар кори ту бисозад, чунон ки муроди ту бошад. Ва ба талаби дилором фиристам, бошад, ки туро мурод ҳосил шавад.

пешина
аз 290
навбатӣ