Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Пир гуфт:
— Эй шоҳ, агар фарзанди ту фармони ман барад ва насиҳат бишнавад, гирди ин кор нагардад ва толиби ин духтар набошад ва ғами вай аз он буд, ки намедонист, ки духтар кист. Чун донист, надида ангорад, ки талаб кардани вай ҳама ранҷ аст.
Марзбоншоҳ гуфт:
— Эй пир, бошад, ки чунон кунад.
Бифармуд, то хилъате зебо биёваранд ва бо он ҳазор динор ба вай доданд ва ӯро ба хушдилӣ гусел карданд.
Худованди ҳадис гӯяд, ки он пирамард дояи ҷоду буд — Ширвона, ки худро ба он гуна бароварда буд ва дар ҷаҳон ҳамегашт бар он кор.
Пас, чун он пирамард гусел карданд, шоҳ рӯй ба фарзанд кард ва гуфт:
— Эй писар, аҳволҳо маълум кардӣ, ки он духтар кист ва аз куҷост. Тани худро ба даст овар ва нафси худро илоҷ кун, ки ҳамаи корҳо ба тандурустӣ ба сар тавон бурд ва дар олам молу мулки ҷаҳон бо тандурустӣ муқобил нест. Чун ту ранҷур бошӣ ва тани худро ба ғам шикаста ёбӣ, роҳат ва ком аз дунё барнатавонӣ дошт, ки сари ҳамаи подшоҳӣ тандурустист.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Агар яздон хоҳад, ба иқболи падар рӯй ба салоҳ оварад.
Шоҳзода ба мудовоти 1 худ машғул гашт, то ба ҳоли сиҳат бозомад. Ба фаррухӣ ва толеи саъд ба гармоба рафт.
Падар аз барои ӯ садақаҳо дод. Ва чун аз гармоба берун омад, ба хидмати падар хиромид. Паҳлавонони лашкар нисор карданд. Падар бархосту фарзандро дар канор гирифт ва ба чашму рӯи ӯ бӯса дод ва ба тахт баровард. Ва дар пеши худ бишонд. Бо нишот ва хуррамӣ буданд. Шоҳзода ба мудово ба ҳоли худ бозомад ва дар муддати як моҳ чунон шуд, ки ҳеҷ асари ранҷурӣ бар вай пайдо набуд. Пас, як рӯз бомдод ба қоида пеши падар омад ва заминро намоз бурд ва шарти хидмат ба ҷо овард ва ҷандон таваққуф кард, ки боргоҳ аз раият холӣ шуд ва амирону паҳлавонон бозгаштанд.
Хуршедшоҳ пеши падар замин бӯса дод ва гуфт:
1 Мудовот — даво кардан, табобат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё