Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак гуфт:
— Ин душманӣ аз чӣ бархост? Ту аз куҷову ман аз куҷо? Ту бо ман чӣ кина дар дил дорӣ? Ман бо ту чӣ бад кардам, ки ту маро пеши Қатрон мебарӣ? Туро чӣ фоида бувад?
Оташак гуфт:
— Эй Самаки айёр ва эй паҳлавони замона, дирӯз дар пеши Қатрон истода будам, ӯро дилтанг дидам. Гуфтам:
— Эй паҳлавон, чаро дилтангӣ? Аҳволи ту бо ман бигуфт, ки чун будӣ ва бо ӯ чӣ кардӣ ва ӯро бихостӣ бурдан, иттифоқ наяфтод. Сабаб нагуфт, ки чун буд, аз баҳри он, ки маълум набуд. Ва аз дасти ту дар пеши ман бинолид. Пас, гуфт: «Эй Оташак, ту дар шабравӣ ва айёрӣ дасте дорӣ, тавонӣ рафтан, ки Самакро даст баста пеши ман орӣ?» Ман гуфтам: «Эй паҳлавон, ҳоҷате дорам. Агар муроди ман бароварӣ, Самакро даст баста пеши ту оварам».
Қатрон гуфт: «Ҳоҷати ту чист?»
Ман гуфтам: «Эй паҳлавони ҷаҳон, касе ҳаст аз они подшоҳи Мочин, ки ӯро Дилором ном аст. Як рӯз вайро бидидам ва бар вай ошиқ шудам. Ӯро бихоҳ аз шоҳ ва ба занӣ ба ман деҳ. Қатрон бар худ гирифт, ки ин кор бикунад ва Дилоромро ба занӣ диҳад ва ангуштарӣ ба ман дод, то чун туро пеши вай барам, аз ӯҳдаи кори ман берун ояд.
Самаки айёр гуфт:
— Эй Оташак, бо ман аҳд кун ва савганд хӯр, ки ёри ман бошӣ ва ҳар чӣ бигӯям бикунӣ ва рози ман нигоҳ дорӣ ва бо касе нагӯй ва хиёнат наяндешиву нафармой ва аз қавли ман берун наёӣ, то ман Дилором бе ранҷе дар канори ту кунам. Ва нек донӣ, ки аз дасти ман беҳтар бархезад, ки аз дасти Қатрон.
Оташак хуррам шуд ва дар дасту пои Самак афтод, гуфт:
— Бандаам, ту чӣ мефармой?
Савганд хӯрд ба яздони додори кирдигор ва ба нуру нору меҳр ва ба нону намаки мардон ва ба насиҳати ҷавонмардон, ки Оташак қадр накунад ва хиёнат наяндешад ва он кунад, ки Самак фармояд. Ва бо дӯсти вай дӯст бошад ва бо душмани вай душман.
Самак ӯро дар канор гирифт ва гуфт:
— Ту маро бародарӣ. Пас гуфт: — Эй бародар, маро даст бозбанд ва полҳанг бар гардан афкан ва кашон мебар то пеши Қатрон. Чун Қатрон маро бубинад, гӯяд: «Ӯро гардан бизапед». Ту гӯй: «Эй паҳлавон, чӣ ҷои куштан

пешина
аз 290
навбатӣ