Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аст? Марде чунин бигзор, то фардо доре дар майдон фурӯ барем ва ӯро бар дор кунем, то аломате бошад ва ҷаҳониён бидонанд, ки мо бо Самак чӣ кардем ва бо дигарон чӣ хоҳем кардан. Қатрон гӯяд: «Касе бояд, ки ӯро нигоҳ дорад». Ту маро бар хештан гир ва бигӯй, ки: «Ман ӯро тавонистам овардан, нигоҳ низ тавонам дошт». Аз он ҷо маро ба хаймаи хеш бар, то аз он ҷо кор бисозем, чунон ки бояд сохт ва ман Дилором дар канори ту кунам.
Ҳар ду бо ҳам аҳд карданд.

Пас, Оташак дасти Самак боз пас баст ва полҳанг дар гардани вай афканд ва меовард, то ба лашкаргоҳ расид.
Чун Оташакро диданд, ки якеро полҳанг дар гардан карда, гуфтанд:
— Ин кист?
Оташак мегуфт бар хуррамӣ ва нишот, ки:
— Самак аст.
Ҳар кӣ ин мешунид, мегуфт:
— Ҳавл айёрӣ кардааст.
Ӯро қафоие мезаданд. Чун чанд силӣ бар вай заданд, Самак саросема шуд. Гуфт:
— Эй Оташак, раҳо макун, ки маро ба силӣ бикушанд.
Оташак бонг бар эшон зад ва ҳамаро дур кард ва омад ба хаймаи Қатрон ва дар пеши вай хизмат кард, полҳанг дар гардан ва дасти Самак карда.

Қатрон гуфт:
— Эй Оташак, шер омадӣ ё рӯбоҳ?
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, ба иқболи ту шер омадам ва Самакро баста овардам.

Қатрон нигоҳ кард ва Самакро дид, гуфт:
— Эй фурӯмоя, ман туро беҳтар овардам ё ту маро бурдӣ? Кӣ бошад, ки маро ба ҳилат барбандад? Зуд ӯро гардан бизанед.

Оташак хизмат кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, чӣ ҷои ин сухан аст? Худ ҳам бар ин бояд? Яке ӯро дар дам бикушад? Ман кистам? Ман коре кунам, ки касе надонад? Фардо дар майдон доре бизанем ва ӯро бар дор кунем, то дигарон ибрат гиранд ва моро аз он номе бувад.

Қатрон гуфт, ки:
— Ӯро нигоҳ кӣ дорад?
Оташак гуфт:
— Ӯро тавонистам бастан ва овардан, нигоҳ тавонам

пешина
аз 290
навбатӣ