Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
ноҷор ин яке зуд барбод шавад. Чун ҳар ду осуда бошанд, замоне ҳунармандӣ намоянд, шояд, ки кор ба салоҳ кунанд, то нақибон эшонро аз ҳам бозгиранд. Ва дигар худ дергоҳ аст. Бозгардед, то фардо тартиби ҷанг месозед.
Ҳар дуро бозгардонид. Табли осоиш бизаданд. Ҳар ду сипоҳ бозгаштанд. Чун фуруд омаданд, Хуршедшоҳ ба тахт баромад. Бифармуд, то маҷлиси базм биёростанд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Аз он ҷониб Қизилмалик ба боргоҳ омад. Паҳлавононро ҳозир кард. Қатронро хилъати некӯ дод ва офарин кард ва ба шароб хӯрдан биншастанд, то рӯзи равшан раҳт барбаст, шаби тира рӯй бинамуд, ҷаҳон сиёҳ ва тира шуд, аз ҳар ду ҷониб талоя берун рафтанд.
Самаки айёр пеши Хуршедшоҳ барпой буд ва хизмат кард ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳзода, ба иқболи ту имшаб Қатронро баста биёварам.
Ин бигуфт ва рӯй ба роҳ ниҳод ва мерафт, то аз талоя бигзашт. Роҳи бероҳ дар пеши гирифт, ки ногоҳ якеро дид, ки рӯй ба лашкаргоҳи эшон ниҳода буд. Чун Самакро бидид, гаве буд, дар он гав рафт ва ба камин нишаст.
Самак гуфт: «Дар ин кор таъбияе ҳаст. Ин яке ҳамчун ман менамояд, ки ба лашкаргоҳи мо меравад». Худро бехабар сохт, яъне ки ман аз вай хабар надорам, ба қазои ҳоҷате меравам. Ногоҳ худро бар сари он мард афканд ва ӯро бигирифт ва корд баркашид, то ӯро бикушад.
Он шахс гуфт:
— Эй озодмард, ту кистӣ ва ман чӣ кардаам, ки маро бихоҳӣ кушт? Аз ман чӣ дидӣ?
Самаки айёр гуфт:
— Эй фурӯмоя, маро намешиносӣ? Манам Самаки айёр — шогирди Шағоли Пилзӯр, хизматгори Хуршедшоҳ. Рост бигӯй, ки ту кистӣ ва аз куҷо меоӣ ва ба куҷо меравӣ? Агар ҷон мехоҳӣ, саҳл аст.
Он шахс гуфт:
— Эй Самак, савганд хӯр, ки маро ба ҷон амон диҳӣ ва наёзорӣ, то рост бигӯям.
Самаки айёр савганд хӯрд, ки: «Туро наёзорам ва ба ҷон зинҳор диҳам, агар бо ман хиёнат накунӣ ва рост бигӯй».
Он шахс гуфт:
— Маро ном Оташак аст. Хизматгори Қатронам, омадаам, то туро даст баста пеши вай барам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё