Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бигирифт. Соате ба пайза набард озмуданд. Агарчи Санҷом паҳлавон буд, на марди Қатрон буд. Замонӣ бо ҳам бигаштанд, то Қатрон ӯро найзае зад бар сина, чунон ки аз пушти Санҷом берун шуд. Санҷомро бияфканд ва наъра зад, гуфт:

— Шод бош, эй мардон, агар мардед, дар майдон оед ва ҳунар намоем. Куҷо шуд Фаррухрӯз, ки як рӯз дар майдон он ҳама мардӣ менамуд? Мардон чунин дар майдон мефиристед?

Аз тақдири яздон Фаррухрӯз аз дарди шикам ранҷур буд. Хуршедшоҳ дар Фаррухрӯз нигоҳ мекард. Гуфт:

— Эй бародар, Қатрон туро мехонад.

Фаррухрӯз гуфт:

— Эй худованд, ин банда ранҷур аст аз дарди шикам ва наметавонам ҳаракат кардан, вагарна ӯро нагузоштаме, ки сухан гуфтӣ. Маро маъзур дор.

Пас, аз лашкари Хуршедшоҳ мард дар майдон мерафт ва Қатрон меафканд, то панҷоҳ мард бияфканд. Ҳар яке ки меафканд, наъра мезад ва мегуфт:

— Эй Фаррухрӯз, куҷоӣ? Дар майдон ой ва ҳарб кардан биёмӯз.

Фаррухрӯз агарчи ранҷур буд, таънаи забон ӯро нохуш меомад. Силеҳ бар тани худ рост кард ва рӯй ба майдон ниҳод, ки пеши Қатрон равад. Хуршедшоҳ гуфт:

— Фаррухрӯз ранҷур аст. Ҷанг натавонад кардан.

Самак гуфт:

— Эй шоҳ, фориғ бош, ки банда раҳо накунад, ки Фаррухрӯз дар майдон равад.

Ин бигуфт ва ба так хост, то пеши эшон расид. Гуфт:

— Эй паҳлавон Қатрон, чун дӣ раҳо накардам, ки бо вай ҷанг кунӣ, имрӯз раҳо накунам, ки ӯ бо ту ҷанг кунад, ки ту хастаӣ, ки пеш аз вай мард афкандай.

Қатрон дар Самак нигоҳ кард. Гуфт (дар дил): «Эй фурӯмоя, ту будӣ, ки маро дар он хорӣ бихостӣ бурдан? Валекин магар на ин будааст. Надонам, то шафқати вай аз чист? Вагар на ин будааст, надонам, ки ман вай аз куҷо ба даст оварам».

Гуфт:

— Эй ҷавон, туро ин шафқат бар ман чарост, ки раҳо намекунӣ, ки мо ҷанг кунем.

Самаки айёр гуфт:

— Эй ҷавон, марде ба панҷоҳ сол ба мардӣ мерасад, ба як соат бар бод додан шарт нест. Яке осуда ва яке кӯфта,

пешина
аз 290
навбатӣ