Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Овози кӯси ҳарбӣ ва дуҳули ҷанг аз ҳар ду лашкар баромад ва ғулғул дар ҷаҳон афтод ва нақибон истода ва сафи сипоҳ рост мекарданд, ки аз лашкари Қизилмалик Қатрон асп дар майдон ҷаҳонид ва он рӯз бар аспе зардачавор гашта буд — девлоҳе, водинаварде, биёбонварде, дарёгузоре, киштиниҳод, чун кӯҳпорае, гуфтӣ хоку бод ва обу оташ аст:
Аспе, чӣ гуна аспе? Аспе ба сони кӯҳ, Ҳаргиз ки дид кас ба ҷаҳон кӯҳи ҷонавар?
Чун пили масту шери даҷогоҳи тезу тунд.
Чун аҷдаҳо раванда ба саҳрову кӯҳу дар...
Ҳангому вақти ҷанг чу бошад ба ховорон, Аз як наҳеби «ҳин!» ҷаҳад ӯ то ба бохтар.

Чунин аспе ороста ба баргустувони¹ зард ва зини зарканда... ва Қатрон аз болои ҳама ҳафтоне зард пӯшида ва хӯде оддӣ аз зару гавҳарнигор бар сар ниҳода ва дасторчаи зард бар пои худ баста ва ду теғ, яке ҳамоил карда ва яке дар зери рикоб ва камаре гавҳарнигор бар миён баста ва гирди камар тири ёздамишӣ ороста ва соқину соин дарафканда ва камони чочи хоразмикирдор дар бозу карда ва каманде аз хоми гӯр бар фитрок баста ва амуде гаронсанг дар пеши кӯҳуи зин фурӯбурда ва найзае зард бар кирдори сутуне, сари найза дар даст гирифта ва буни найза бар замин кашон карда, наъразанон ва уштулумкунон асп метохт. Аспаш сум бар санг мезад ва сангро сурма мекард. То замоне ҷавлон кард.

Пас, баробари қалби лашкари Хуршедшоҳ омад, овоз дод ва гуфт:
— Эй паҳлавонон, чаро бозмондаед? Кист ӯро, ки паймонаи умр пур гашт ё бахт аз ӯ даррамида? Гӯ, дар майдон оӣ, то соате худро барозмоем.

Қатрон ин сухан бигуфт, ки аз лашкари Хуршедшоҳ саворе дар майдон рафт, номи ӯ Санҷом. Бар аспе аблақи бодпой савор гашта, аз фарқ то суми сутур дар оҳан ғарқ ва ҳар чӣ пӯшида дошт, сурх буд. Пеши Қатрон омад ва бонгу ниҳеб бар вай зад, гуфт:
— Эй паҳлавон, чист ин ҳама наъра ва фарёд, ки мекунӣ? Танҳо ба майдон омадай? Биёвар, то аз мардӣ чӣ дорӣ.

Ин бигуфт. Қатрон ба вай даромад ва найза биронд, то
бар Санҷом занад, ки Санҷом найзаи вай бар найзаи худ

1 Баргустувон — болопӯши асп.

пешина
аз 290
навбатӣ