Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
падар нигоҳ дорад, бегона ҷои ман гирад, номи ман нуҳуфт бимонад.
Вазир гуфт:
— Чунин аст, ки шоҳ мефармояд. Ҳар ки ӯ фарзанд надорад, ӯро ном нест ва номи вай дар гил афтад ва кас нагӯяд, ки фалон рӯз подшоҳе буд, магар ки ӯро фарзанде бошад, ки ҷойгоҳи ӯ ба ҷой дорад ва ба ҷои вай зинда бувад. Бо он ҳама фарзанд яздон медиҳад, чора нест ба ҷуз дуо ва зорӣ кардан, то яздон фарзанд диҳад.
Марзбоншоҳ гуфт:
— Ин худ, инак, ки ту мегӯӣ, рост, аммо туро мебояд, ки дар толеи ман нигоҳ кунӣ аз ҳисоби фалак ва таъсири ситорагон, то моро ҳеҷ фарзанд хоҳад буд, то дили ман бад-он ором гирад.
Ҳомони вазир гуфт:
— Фармонбардорам. — Бархост ва аз хидмати Марзбоншоҳ берун омад ва ба ҷойгоҳи худ рафт ва дил бад-он кор ниҳод ва хотири беназир бад-он пардохт. Устурлоби ҳафтрӯи чаҳортабақаи фалакнамой дар даст гирифт ва дар пеши курси офтоб омад ва иртифои соат гирифт ва аз илму дониш дар сесаду шаст дараҷаи фалак нигоҳ кард ва дараҷаи мавлуд аз толеи саввум бидид. Он чи мақсуд буд, ба даст овард ва маълум кард. Бархост ва ба хидмати шоҳ рафт. Шоҳ чун Ҳомон бидид, хуррам шуд. Ҳомони вазир хидмат кард ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, банда камари хидмат бар миёни камари ҷон баст ва он чи дониш буд аз илми фалакӣ, ба ҷой овард ва толеи шоҳро дид ва аз ҳисоби фалак шоҳро фарзанде менамояд, ки падидор ояд бо мурод ва комронӣ, аммо садафи он гавҳар на аз ин вилоят аст, ки тухм аз хоки Ироқ хоҳад шуд. Ва дар ҳисоб чунон дидам, ки зане шавҳар карда.
Шоҳ аз он хуррам шуд ва гуфт:
— Маълум кун, то кадом подшоҳ аз паси парда духтаре дорад бад-ин сон, ки мебинӣ, то ӯро хостгорӣ кунам ва муроди ман барояд.
Ҳомони вазир гуфт:
— Фармонбардорам.— Дар он кор истод, то куҷо ба даст оварад. Баъд аз он гуфтанд: дар Ироқ подшоҳест номи ӯ Самориқ ва ӯ дар паси парда духтаре дорад чун моҳ ва номи ӯ Гулнор ва ба шавҳаре дода буд ва писаре оварда, номи он писар Фаррухрӯз ва падараш вафот ёфта. Ҳомони вазир он аҳвол маълум кард ва ба хидмати Марзбоншоҳ омад ва аҳвол ҳама бозгуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё