Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Марзбоншоҳ гуфт:
— Эй вазир, моли фаровон тартиб кун аз баҳри ширбаҳо ва хостгории духтар кардан.

Дарҳол бифармуд, то дари хазона бикушоданд ва сад бадраи зар, ҳар яке ҳазор динор бо даҳ иқди марворид, ҳар яке ҳазор дона, ҳар донае як мисқол, ки қимати он касе надонад, магар яздон. Тоҷе мурассаъ ва сад тахт ҷомаи алвон ва панҷоҳ ходим. Ва Ҷумҳурро бихонд, ки хеши Марзбоншоҳ буд, ва он мол ба вай таслим кард, гуфт:
— Бо ин мол ба Ироқ рав пеши шоҳ Самориқ ва духтари вай аз баҳри ман тартиб кун ва бихоҳ, чунон ки донӣ, ва зуд бояд, ки биравӣ.

Ҷумҳур гуфт:
— Фармонбардорам.

Пас, шоҳ бифармуд ба Ҳомони вазир, то нома навишт ба шоҳ Самориқ дар ин боби хостгорӣ. Аввал номи яздон ёд кард: «Бисмиллоҳ-ил-мулук-ал-аллом, ин нома аз ман, ки Марзбоншоҳам ба шоҳ Самориқ — ҳисрави ҳамаи вилояти Ироқ. Бидонед ва огоҳ бошед, ки то бад-ин рӯзгор, ки моем ва падарони мо, ҷуз ба дониш наварзидем. Филҷумла моро чунон маълум шуд, ки шоҳи бузургвор дар паси парда духтаре дорад ва моро ба висоли он духтар рағбат афтод, аз баҳри он, ки то магар яздон аз вай фарзанд диҳад, ки аз ҷаҳон аз фарзанд бебаҳра мондаам. Бошад ки фарзанде дар вуҷуд ояд, ки баъд аз мо номдоре бошад. Ва донам, ки он шоҳ моро аз ин мурод бознадорад. Ва моро маълум аст, ки он духтар фарзанди писандида дорад, то андеша надорад ва ӯро бифиристад ва аз модар ҷудо накунад, ки моро ба ҷон писандидааст ва дар ин маъни тақсир нафармояд, то Ҷумҳур ба хидмат ояд ва ризои ӯ ризои мост. Ва ҳар чи ӯ кард, мо кардем ва низ аз баҳри нисори боргоҳи олӣ чизе фиристодам, то ба карам маъзур дорад. Вассалом».

Нома пеши шоҳ овард ва бархонд. Марзбоншоҳ бар Ҳомони вазир офарин кард ва мӯҳри нома барниҳод ва Ҷумҳурро бихонд ва нома ба вай дод. Пас, ба рӯзи ихтиёр Ҷумҳур ба он нома ва ҳазор савор аз шаҳр берун омад ва рӯй ба Ироқ ниҳод. Ва чун наздики вилояти Ироқ расид, шоҳ Самориқро хабар карданд, ки расуле аз ҷониби Ҳалаб хоҳад расидан. Шоҳ Самориқ аҷаб монд, бо худ

1 Б а д р а — ҳамён.

пешина
аз 290
навбатӣ