Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Чунин гӯяд ҷамъкунандаи ин китоб Фаромурз, ки чун умрам ба бисту панҷ сол бирасид, чунон шунидам, ки пеш аз мавлуди Расул алайҳиссалавотуссалом ба сесаду ҳафтод сол дар шаҳри Ҳалаб подшоҳе буд ба камол ва бо бахте ҷавону раияте фаровон ва лашкаре меҳрубону ба ганҷе ободон ва ба толеи қавиву бахти фаррух. Номи он подшоҳи неканҷоми хубфарҷом Марзбоншоҳ буд ва дар ҳама боб азим, комил ва беназир буд ва вазире дошт Ҳомон ном, чанд сол хизмати Марзбоншоҳ карда буд ва дар хидмати вай пир гашта буд. Ва Марзбоншоҳ дар подшоҳӣ ҳама коме ва муроде дошт, магар фарзанд, ки аз фарзанд бебаҳра буд ва рӯзу шаб дар орзуи фарзанд мебуд ва аз яздон фарзанд мехост ба дуо ва зориву ибодат ва ҳайротҳо, магар эзид таоло ӯро фарзанде диҳад, ки номбардор бошад ва аз вай ёдгорӣ бувад. Ниҳону ошкор садақаҳо медод ва муроди мискинон раво мекард ва дарвешонро менавохт.
То як рӯз Марзбоншоҳи фаррух дилтанг ва ғамгин нишаста буд, ки Ҳомони вазир пеши ӯ омаду хизмат кард ва шоҳро дилтанг дид, гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, ҷаҳон ба коми туст ва толеи қавӣ дорӣ ва фармоне равон ва ганче ободон асту раияте меҳрубон, туро ин дилтангӣ аз барои чист? Дар ҳама ҷаҳон шоҳро душмане нест, ки аз ӯ дил машғул бояд будан.
Гуфт:
— Эй вазири меҳрубон, он чи гуфтӣ, ҳама рост аст, аммо бефарзанд хуш нест. Чун маро фарзанд нест, сабаб он, ки чун аҷал фароз расид ва фарзанд набошад, ки ҷойгоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё