Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
набошад, ки Меҳрони вазир чизе сохтааст ва ин ҳама аз баҳри он мекунанд. Бад-он кор, ки дар майдон дасти ман бигирифт ва раҳо накард, ки Меҳронро бикушам.
Шағол бо Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, донӣ ки лашкар бисёранд ва дарҳои кори мо аз ту кушода мешавад. Ба танҳо дар миёни лашкаре чунин рафтан душвор бошад.
Самак гуфт:
— Ғам нашояд хӯрдан. Айёрӣ ба баддилӣ натавон кардан. Агар маро аҷал мондааст, халқи ҷаҳон ҳеҷ натавон кардан.
Ин бигуфту корд баркашид ва густох дар миёни лашкар шуд. То мардум огоҳ шуданд, корд бар синаи Шерафкан чунон зад, ки аз пушташ берун шуд. Шерафкан бияфтод. Сипоҳ чун диданд, гирди вай баромаданд ва вайро бигирифтанд, ҳафт тани дигар афканда буд.
Чун ӯро бигирифтанд, яке гуфт:
— Ӯро бибояд куштан. Дигаре гуфт:
— Ӯро бибояд сӯзонид, ки азим фитнаангез аст, ки Меҳрони вазир бирасид аз баҳри он, ки бо Шерафкан сухане дошт.
Чун он ғалаба ва ошӯб дид, гуфт:
— Чӣ будааст?
Гуфтанд:
— Айюҳалвазир, Самак ногоҳ даромад ва корде бизаду Шерафканро бикушт ва чанд тани дигар ҳалок кард, то ӯро бигирифтанд ва бихоҳанд куштан.
Меҳрони вазир чун номи Самак шунид, биҳаросид ва гуфт:
— Ӯро гирифтаанд?
Гуфтанд:
— Бале.
Меҳрони вазир гуфт:
— Ӯро ба ивази Шерафкан нашояд куштан, ки чун фарзанди маро кушт, ӯро ба ивази фарзанд накуштам. Ӯро банд барниҳед, то пеши Фағфур барем, ки Самак танҳо нест. То ӯро чӯб занем, то бигӯяд, ки дигарон куҷоанд.
Самакро барбастанд ва ба сарҳи шоҳ Фағфур бурданд.
Фағфуршоҳ ба боргоҳ омада буд. Меҳрони вазир дар пеши шоҳ хизмат кард ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, Самакро гирифтем.
Гуфт:
— Чӣ гуна?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё