Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бурд, ки дар вақти ном гирифтан Ботуршин номи падари онҳоро бо тарзи аҷиб мегуфт...», «Лекин ба ҷаноби генерал гӯед, ки — ба Ботуршин нигоҳ карда гуфт Муллоҷон, — захираи хӯроку маблағи мо барои дар Урунбург бисёр истоданамон кифоят намекунад», «Катенин ба Ботуршин нигоҳ кард, гӯё мепурсид, ки меҳмонон чӣ мегӯянд; дид, ки Ботуршин хомӯш аст, боз ба гапаш давом дод...».

Ин иқтибосҳо, ки дар онҳо зикри номи Ботуршин меравад шаҳодати эътибори ӯ дар назди генерал Катенин ва дигар маъмурони Русия буда, дар як вақт ибтидои пайдо гардидани тафоҳум миёни ӯ ва фиристодагони Бухоро маҳсуб мешавад. Муносибати Ботуршин бо мирзои элчии Бухоро Аҳмади Дониш тадриҷан ташаккул меёбад ва онҳо ҳамдигарро такмил медиҳанд. Аҳмади Дониш чун шахси донишманд ва маърифати хуби исломӣ дошта ба Ботуршин дар масъалаи чӣ гунагии усули давлатдорӣ ва назму низоми он дар Бухорои Шариф кӯмак мерасонад ва Ботуршин ба Аҳмади Дониш дар масъалаи фаҳмиши фарҳанги аврупоӣ ва усули давлатдории Русия.

Р. Ҳодизода дар роман нақши таърихии Оренбургро дар амалӣ намудани сиёсати дохиливу хориҷии давлати Русия, барқарор намудан ва пойдор нигоҳ доштани муносибатҳои тиҷоратӣ бо хонигариҳои мусулмонӣ, омода намудан ва фиристодани гумоштаҳои забондону ба маърифати исломӣ ошноро дар заминаи асноду арқоми боварибахш равшан намудааст. Бухороиёни бо сабабҳои гуногун тарки ватан карда дар ин шаҳр ба тиҷорат ва корҳои дигар машғул гардида, бо мардуми муқимӣ — тотору бошкирдҳо риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ барқарор намудаанд.

Ҳарчанд ки муддати дар Оренбург будан элчии Бухоро ва ҳамроҳонаш бо тотору бошкирдҳои зиёде дар

пешина
аз 315
навбатӣ