Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

пояи сӯҳбат нишастаанд ҳамоно чеҳраи асосӣ Мӯсо Ботуршин буда, кулли масоили ба сафари элчии Бухоро мансуб буда бо иштирок, даҳолат ва саҳми бевоситаи ӯ анҷом меёбад. Фиристодагони Бухоро ба ӯ унс гирифтаву дарк намудаанд, ки сухану андешаи ӯ дар назди маъмурони давлати Русия эътибор дорад. Бинобар ин Муллоҷон ва Аҳмади Дониш барои анҷоми саривақтии лавозимоти сафарашон зуд-зуд ба ӯ муроҷиат менамоянд ва бо ӯ маслиҳат мекунанд.

Мӯсо Ботуршин, ки хайрхоҳона барои иҷрои вазифаҳои дар реҷаи сафар қарор доштаи фиристодагони амири Бухоро мусоидат менамояд, дар як вақт аз берабтии мақсади сафар, аз он ки элчии Бухоро то имрӯз ягон масъалаи ҷиддиро барои гуфтугӯӣ дар Петербург пешниҳод накардааст, дар ҳайрат афтода буд. Ҳамин номуайянии ва то андозае сарфи масъалаҳои аҳамияти муҳим надошта намудани вақт дар гуфтугӯи Ботуршин бо раиси комиссияи сарҳадии Оренбург В.В.Григорев низ баён мешавад. «Григорев пеш аз он ки ба сафири амир мулоқот кунад, ҳуҷҷат ва мактубҳои сафоратро таҳқиқ кард ва ҳайрон шуд, ки элчии Бухоро то имрӯз ягон масъалаи ҷиддиро барои гуфтугӯӣ дар Петербург пешниҳод накардааст» (с. 203).

Григореви машҳур ба сифати олим ва ходими давлатӣ аз ҷумлаи донандагони забони форсии тоҷикӣ ва маданияти шарқӣ буда, бо иддае аз равшанфикрони аз Бухоро фирор карда, ба монанди Мирзо Шамс, риштаҳои дӯстӣ барқарор кардааст. Барои ӯ мулоқот намудан бо намояндагони қавми эронинажод ва соҳибони забони форсии тоҷикӣ аз як тараф тақозои вазифа бошад аз паҳлӯи дигар натиҷаи рағбати деринааш ба забону тамаддуни тоҷикон аст. Аз гуфтугӯи Григорев бо Ботуршини тотор, ки оид ба элчии Бухоро суръат гирифтааст, як навъ хайрхоҳӣ ва кӯшише барои дар сатҳи

пешина
аз 315
навбатӣ