Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

посбонии Оренбург элчӣ ва ҳамроҳони ӯро чанд солдату офицерон бо ҳамроҳии тарҷумон ва намояндаи генерал Мӯсо Ботуршин, марди тотори қазоӣ, ки забонҳои туркию форсии тоҷикиро хуб медонист, пешвоз гирифтанд» (с. 193).

Минбаъд фиристодагони амир Насрулло дар ҷараёни иҷрои вазифаашон ҳамарӯза бо ҳамин тотори «забонҳои туркию форсии тоҷикиро хуб медониста» рӯ ба рӯ мешаванд ва ӯ чун намояндаи генерал ва шахси бовариноки маъмурони Русия фароизҳои қабули меҳмононро бо сомон мерасонад. Симои Ботуршин дар роман аз замони ба Оренбург расидани элчии Бухоро падидор гардида, дар муддати омодагиву интизории сафар ба Петербург, муддати дар Петербург будану бозгашти элчӣ, ба сифати тарҷумон, раҳнамо, қабулкунандаи номаҳои ба унвони генерал-адютант ва Григорев фиристодаи амир Насрулло ва шахси дар муносибатҳои дипломатӣ таҷрибаандӯхта намудор мешавад. Ӯ бо назардошти сатҳи маърифат ва забонфаҳмии фиристодагони Бухоро чун нишони меҳру эътикод дар лаҳзаҳои нозуки мулоқоти элчӣ ба маъмурони Русия бо хайрхоҳиву дурандешӣ баёни матлаб менамояд ва гоҳо пеш аз оғози мулоқот тарзу усули дурусти муоширатро фаҳмонда медиҳад.

Дар Оренбург барои элчӣ ва ҳамроҳони вай ҳавлии тотори уфагиро ичора мегиранд, ки барои иҷрои расму оини мусулмонӣ мувофиқ аст. Элчӣ дар ин ҳавлӣ хабари қабули генерал Катенинро интизор мешавад ва баъди ду рӯз Муллоҷон ва ҳамроҳони ӯ ба қабули Катенин даъват мешаванд. «Ботуршин бо ду фойтун пеши элчӣ омад. Пеш аз он, ки ба роҳ бароянд, ба меҳмонон тарзу усули қабули генералро фаҳмонда дод, то ки элчӣ дар вақти мулоқот саросема нашавад» (с. 194), «Ботуршин меҳмононро бо рутбаву номҳояшон ба генерал шиносонд. Ахмад пай

пешина
аз 315
навбатӣ