Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
- Ба чашм, ба чашм, таксир, бемалол фармудан гиред, - гуфт Аҳмад.
- Банда мехостам, пеш аз ҳама чанд китоби мӯътабари илми тибро ба даст оварда мутолиа кунам.
Агар пайдо шавад, китобу рисолаҳои тиббии донишмандони номдори гузаштаву ҳозираи шуморо барои эҳтиёҷоти олимони рус харидорӣ кунам. Дар ҷавоби ин хостаи Алиого Аҳмад махдум бо риояи одоби муошират ҷавоб медиҳад, ки: «- Ба чашм, ба чашм, таксир! Ман аз саҳҳофон як ошнои хуб дорам, шуморо ба дӯкони он кас мебарам, дӯконашон аз корвонсарой дур нест, китобҳои заруриро ба шумо ёфта медиҳанд. Банда ҳам дар хона ду-се рисолаи тиб дорам, амонат барои мутолиа оварда мемонам» (с.100).
Ҳарчанд ки дар равиши хатти сюжети роман тотор набудани Алиого фош мегардад, муносибати хуби Аҳмади Дониш ба ӯ идома меёбад ва ҳатто лаҳзаи пинҳонӣ ба ватанаш баргаштан низ Эрлих аз Аҳмади Дониш ёд карда мегӯяд, ки: «Ба Аҳмад махдум аз ман бисёр дуою салом гӯед, умед доштам, ки баъди сафар ба он кас боз ҳамсӯҳбат шавам... Марди фозиланд он кас...»
(с.133).
Ҳусни тафоҳуми миёни тоторҳову Аҳмади Дониш,
ки заминаашонро ҳамин Эрлих (Алиого)-и ба ном тотору
дар асл рус гузошта буд, замони бо корвони савдогарон
ба Оренбург расидани элчии амири Бухоро равшантар
зоҳир мешавад. Агар то расидани элчии амир ба
Оренбург дар роман оид ба қазоқон, корвони
бухороиҳоро посбонӣ кардани онҳо, муҳаббати самимии
онҳо ба бухороиҳо сухан равад, баъди ба Оренбург
расидани фиристодагони амири Бухоро симои тоторҳо
равшантар падидор мегардид ва онҳо дар муносибати
миёни элчӣ ва маъмурони Русия саҳм мегиранд. Дар
роман зикр гардида, ки: «Дар наздикии яке аз қалъаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё