Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
бенуксон иҷро кардааст. Шарқшиноси рус П.С.Савельев навиштааст, ки: «До Демезона и до его хитрости «ни один путешественник в Среднюю Азию не находился в таких благоприятних обстоятельствах для собрания самих точних сведений о крае».2
Зикри ин матлаб моро аз баёни мақсади дар пешгузошта, яъне муайян намудани нақши зиёни тотор дар романи «Ситорае дар тирашаб» ё ба таъбире муайян намудани саҳми онҳо дар таҳкими алоқаҳои аморати Бухоро ва Русия дур намебарад. Ва зиёда аз ин, ифодагари он аст, ки дар симои тоторҳо ба Бухоро ворид гардидану иҷро намудани супоришҳои ҷанбаи сиёсиву иқтисодӣ доштаи Русия собиқаи таърихӣ дорад.
Аз ҷониби дигар, ҳокимону амалдорон ва равшанфикрони Бухоро низ ба тоторҳо чун мардуми аз назари дину оин ба худ наздик меҳру ихлос пайдо намуда, ба воситаи онҳо аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии замон огоҳ гардидаанд.
Бо назардошти чунин фазилати тоторҳо марди русе, ки дар симои тарҷумони тотор ба Бухоро омадааст, ба зудӣ ба Аҳмади Дониш наздик гардид. Алиого (Эрлих) дар симои Аҳмади Дониш як шахси донишманд ва хирадмандро дарёфта бо ӯ унс гирифт ва аз мақсадҳои ниҳоияш низ сухан оғоз намуд. Дар роман як лаҳзаи мулоқоти Аҳмади Дониш бо Алиого чунин баён гардидааст:
«Эрлих омадани Аҳмадро фурсати муносиб дониста, вақти гусел гуфт:
- Оғои мӯҳтарам, банда ғайр аз тарҷумонӣ боз барои анҷоми баъзе машғулиятҳои илмӣ ба Бухоро омада будам. Чӣ мешуд, ки ҷанобашон дар адои чанд муҳиммоти ман кӯмак кунанд.
2 Савельев П.С. Бухара в 1855 г. СПб., 1836, с.26.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё