Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ба асорат афтодани шаҳрвандони Русия ва муҳимтар аз он, дар бозорҳои Осиёи Миёна нуфуз пайдо намудани соҳибкорони бритонӣ Русияро ба ташвиш оварда буд.1
Ин ҳангом Оренбург ва, албатта, тариқи он Петербург бодиққатона ҷараёни воқеаҳои Осиёи Миёнаро ба мушоҳида мегирифт. Аз ҳамин нигоҳ, дар охири солҳои 20 ва аввали 30 Русия дар симои Бритониёи Кабир рақиби воқеии худро муайян намуд. Аз ҷумла, дар ҳамин давра ба Русия экспедисияи лейтенанти ширкати Ост-Индский Александр Бернс дар соҳилҳои Амударё ва саргаҳи Зарафшон маълум гардида бошад ҳам, дар ин бора маълумоти аниқ надошт. Бинобар ин, губернатори кишвари Оренбург В.А.Перовский барои ба даст овардани маълумоти саҳеҳ фиристодани гумоштаи боваринокро ба Бухоро салоҳ донист ва барои амалӣ намудани ин мақсад ба доираҳои болоии ҳукумати Русия муроҷиат намуд. Баъди ҳосил гардидани мувофиқа яке аз донандагони олами Шарқ, забон ва расму ойинҳои шарқӣ П.И.Демезон 10 ноябри соли 1833 аз шаҳри Орск ҳамроҳи корвони тоҷирон сӯи Бухоро роҳ пеш гирифт. Ба хотири бехатарӣ ва ҳамон нуфузи таърихии тоторҳо дар аморати Бухоро ба хулоса омаданд, ки бояд Демезон бо сурату сирати муллои тотор ва бо номи Мирзо Ҷаъфар ба Бухоро ворид шавад. Тамоми мӯҳлати дар Бухоро будан (4 моҳ - М.З.) Демезон тавонист чун муллои тотор боқӣ монад ва вазифаҳои ба ӯҳда гирифтаашро анҷом диҳад. Худи ӯ аҳамияти ба сифати мулло ба Бухоро ворид шуданро эътироф намуда навиштааст, ки: «Я не узнал би многого, если би меня не считали мусульманином». Аз қайдҳои сафари ӯ маълум мегардад, ки воқеан, Демезон - Мирзо Ҷаъфар миссияи таърихии худро бобарорӯ
1 Халфин Н.А. Россия и ханства Средней Азии (Первая половина XIX века) - М., 1974, с.10-47.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё