Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

намудааст. Ӯ дар маҷрои таҳсил нисбат ба забонҳои шарқӣ рағбат пайдо намуда, бо пешниҳоди яке аз устодонаш дар факултети шарқшиносии Петербург забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабиро омӯхтааст. Ҳамин асно, ӯ нусхаи ноқиси «Ал-қонун»-и Ибни Синоро пайдо намуда, тайи ним сол бо омӯхтани он машғул гардид ва ба хулоса омадааст, ки ба омӯхтани тибби Шарқ бояд ба таври ҷиддӣ машғул шавад. Бо чунин ният ӯ аввал ба Қазон ва баъд ба Оренбург сафар карда, забони тоториро хуб омӯхт ва ба сафари Бухоро то андозае омодагӣ гирифтааст. Аз қайди рӯзномаҳои сайёҳон ва аз мӯҳтавои роман маълум мегардад, ки дар Бухоро ба сифати тоҷир, мулло ва табиби тотор фаъолият намудан як кори муқаррарӣ гардида, умумияти дину оин мардуми Бухоро ва тоторҳоро таърихан бо ҳам қарин намудааст. Аз ҳамин сабаб Эрлихи рус низ худро табиби тотор вонамуд карда, чун Алиогои табиб миёни мардуми Бухоро, хусусан, равшанфикрони он эътибор пайдо мекунад. Дар роман шиносоии А.Дониш бо тоҷири рус ва ҳамдигарфаҳмии онҳо ба воситаи ҳамин Алиого тасвир ёфтааст. (с.111-113).

Миёнравии тоторҳо дар муносибатҳои гуногунҷанбаи аморати Бухоро ва давлати Русия решаҳои таърихӣ дорад. Дар романи «Ситорае дар тирашаб», ки наздикшавии Бухорои замони А.Дониш ба Русия тасвир гардидааст, симои зиёиёни тотор равшан ба назар мерасад. Бо назардошти эътибори тоторҳо дар аморати Бухоро ҳукумати подшоҳии Русия бо мақсадҳои гуногун аз хизмати онҳо истифода карда, намояндагони худро қабл аз замони А.Дониш низ дар симои тарҷумону тоҷир ва муллои тотор ба аморати Бухоро равон кардааст.

Дар асри XVIII муносибатҳои худсаронаи хони Хива бо тоҷирон, дар хонигариҳои Хива ва Бухоро ба

пешина
аз 315
навбатӣ