Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

кор карданаш андешаву дардҳои Аҳмади Донишро бо худ дошт ва ягона сарвате, ки аз Бухоро бурд, ҳамин дардҳои бедавои Аҳмади Дониш буд.

Вай аз Истамбул ба воситаи Крим-Боғчасарой – Аштархон-Қазон-Оренбург ба Бухоро алоқа баста, бо тағйири либосу қиёфа аз Қазон ба таври тамоман пинҳонӣ ба тавассути корвониёни бухороӣ ба ватан омада мерафт. Дар бораи ин шахси пешқадами замон устод Айнӣ ва Мирзо Сироҷи Ҳаким маълумотҳои пурарзиш овардаанд.

Ва ниҳоят, Р. Ҳодизода саргарми сафари Дониш ба Русия шуда, Бухорою бухориҳоро дар муқоиса ба Русияву русҳо нишон дода, онҳоро ҳамчун омили асосӣ дар таҳаввули тафаккури Аҳмади Дониш ба тасвир гирифтааст. Воқеан сафари Русия барои Дониш таконе шуд, тағйири афкори сиёсию иҷтимоӣ ва илмию маданияи вай омили муҳим буд. Бо вуҷуди ин гоҳи тасвир махсусан аз омилҳои дохилӣ, яъне муҳити фасодоваре, ки Аҳмад дар он камол ёфта буд, набояд сарфи назар кард.

Ба назари мо, нуқсонҳои ҷузъӣ қадру қимати романи мазкурро накоста, балки барои боз ҳам суфтаю барҷаста баромадани нашри дубораи он кӯмак мерасонанд.

Маҷаллаи Садои Шарқ, №1, соли 1985, саҳ.109-117

Муртазо ЗАЙНИДДИНЗОДА

БОЗТОБИ СИМОИ ЗИЁӢЕНИ ТОТОР ДАР РОМАНИ «СИТОРАЕ ДАР ТИРАШАБ»

Бо шакл гирифтани мактабҳои адабиёт дар аҳди шӯравӣ таваҷҷуҳ ба таърих ва зиндагиномаи адибону донишмандоне, ки амалашон метавонист боиси ифтихор бошад рӯйи кор омад ва дар адабиёти халқҳои Осиёи

пешина
аз 315
навбатӣ